03:25 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
95201

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон бо мақомдорҳои баландпояи Афғонистон мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 9 то 11 сентябр дар Кобул ҷараён дошт, хабар медиҳад “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, Ятимов дар сафари корияш бо муовини аввали президенти Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Раиси Парлумон Мирраҳмон Раҳмонӣ, Мушовири амнияти президент Ҳамдуллоҳи Муҳиб, раиси Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар, вазири дифоъ Асадуллои Холид ва вазири умури дохилаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон Масъуди Андаробӣ оид ба муносибатҳои мутақобилан судманд дидору мулоқот кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқотҳо оид ба вазъи амнияти ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти коммуникатсионӣ ва тарҳҳои энергетикиву иқтисодӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо изҳор доштаанд, омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳоро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.

Таъкид шудааст, ки хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти тахрибии хадамотҳои махсус ва доираҳои манфиатдори сиёсии баъзе аз кишварҳо бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.

Тоҷикистон ҳамла ба Амрулло Солеҳ, ноиби президенти Афғонистонро шадидан маҳкум кард

Ҷонибҳо бо ишора ба зарурати сифатии беҳтар сохтан ва ба сатҳи зарурӣ боло бурдани ҳамкории дуҷониба омодагии комили хешро ҷиҳати амалисозии тадбирҳои муассир ва мушаххас дар ин раванд изҳор доштанд.

Мулоқоти Амруллоҳи Солеҳ бо Ятимов дар ҳоле баргузор шуд, ки ду рӯзи қабл Солеҳ ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳ субҳи рӯзи 9 сентябр дар майдони Таймани Кобул сурат гирифт, ки аз он ҷон ба саломат бурд. 

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо нашри як изҳорот ин ҳамларо шадидан маҳкум кард.

Барчаспҳо:
мулоқот, Моҳира Ятимова, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ