Ятимов бо фиристодаи ИМА сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевСаймумин Ятимов. Архивное фото
Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Залмай Халилзод, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо Ятимов оиди раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати “Толибон”* дар шаҳри Давҳаи Қатар суҳбат кардааст.

Мулоқоти Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҳмон бо Халилзод, аз ҳамкорӣ то музокироти сулҳи байниафғонӣ

Ба иттилои “Ховар” зимни мулоқот дар бораи аҳамияти барқарории суботу оромӣ дар мамлакати ҳамсоя барои минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавор дар мусоидат ба тарҳи сулҳи Афғонистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Таъкид гардидаст, ки нақши Тоҷикистон бо назардошти сарҳадҳои тулонӣ бо ҶИА, муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, инчунин дурнамои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ниҳоят муҳим аст.

“Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон оиди истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан Афғонистони ҳамсоя қобили омӯзишу пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, таъмини амният дар сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои тахассусии мақомотҳои амниятии ду кишвари дӯст омили муҳими мусоидат дар амалисозии тарҳи сулҳ дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб мегардад.

*Толибон, созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон

Лентаи хабарҳо
0