Жеенбеков дар Бишкек ҳолати изтирорӣ эълон кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкУчастники акции протеста в Бишкеке. Протестующие аннулировать итоги парламентских выборов.
Участники акции протеста в Бишкеке. Протестующие аннулировать итоги парламентских выборов. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сооронбой Жеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дар пайи бетартибиҳои рӯзҳои охир дар шаҳри Бишкек, пойтахти кишвар ҳолати изтирорӣ эълон кард

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сооронбой Жээнбеков дар  Бишкек аз 9 то 21 октябр ҳолати изтирорӣ эълон намуд, хабар дод РИА Новости.

Бывший президент КР Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Тирпаронӣ ба мошини зиреҳпӯши Отамбоев: собиқ президент аз сӯиқасд гуфт-видеоҳо

Манбаъ афзуд, аз соати 20:00-и 9 октябр то соати 8-и субҳи 21 октябр дар пойтахти Қирғизистон вазъи изтирорӣ хоҳад буд.

Таъкид шудааст, ки ҳолати мазкур дар пайи бетартибиҳо ва таҳдиду зӯроварӣ нисбати одамон эълон шуда, ҳадафи он истисноан ҳифзи манфиат, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон мебошад.

Коменданти пойтахт, ноиби вазири умури дохилии Қирғизистон, Алмосбек Орозалиев таъйин гардидааст.

Комендатураи Бишкек ҳуқуқ пайдо кард, ки даромаду баромад аз шаҳрро бандад, соати комендантӣ роҳандозӣ кунад, ҳаракати воситаҳои нақлиётро маҳдуд созад, чорабиниҳои оммавиро манъ кунад, воридшудаҳо ба шаҳрро берун созад, низоми махсуси фаъолияти корхонаҳоро таъмин намояду ВАО-ро назорат барад.

Дар Қирғизистон 4 октябри соли равон бо иштироки 56,5%-и раъйдиҳандагон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Дар пайи эълони натиҷаҳои интихобот мавҷи эътирозҳо сар зад.

Баъдтар Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаҳои раъйдиҳиро бекор карда, таъкид карда буд, ки санаи интихоботи ҷадид дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0