19:43 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
443 0 0

Силоҳи мушакии идорашаванда, мухторияти баланд ва тавони убур аз низоми мудофиаи рақиб аз хусусиятҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини “Орион” мебошанд, ки феълан низомиёни Русия аз худ карда истодаанд.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Николай Протопопов. Ба гуфтаи коршиносон, дронҳои мазкур зарфияти зарбазании артишро таҳким бахшида, ҳавопаймоии бесарнишинро ба сатҳи нав мебароранд. Дар бораи ҷанбаҳои мусбату манфии чунин дастгоҳҳо РИА Новости матлаб омода кардааст.

Дар гузориши ахири НТВ маҷмӯаи низомиро дар амал намоиш доданд, ки аз ду мошини идоракунанда ва се бесарнишини “Орион” иборат мебошад, ки зоҳиран ба навбатдории ҷангӣ оғоз кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки шартнома барои таъминоти бесарнишинҳои дурпарвози зарбазану иктишофиро Вазорати мудофиа моҳи август имзо карда буд.  Нахустин маҷмӯаро ба нерӯҳои таҷрибавӣ ҳанӯз баҳори соли равон дода буданд.

“Орион” метавонад дар осмон то 24 соат қарор дошта бошад. Зоҳиран он ба бесарнишини амрикоии MQ-1 Reaper монанд аст, ки чунин болҳои дарозу камбар дошта, қисмати ақибаш V- монанд мебошад.  Метавонад то 200 кило бори ҷангиро бардорад. Махсусан барои он лавозимоти ҷангии аз 25 то 100-килоӣ коркард карда шуд.

“Орион” ба гуруҳи бесарнишинҳои миёна қарор дошта, миёни бузургҳо С-70 "Охотник" ва ҷосусҳои хурд қарор дорад.  Муҳаррики бензинӣ бо тавонии 100 қувваи асп дар қисмати қафо қарор дорад. Аз ҳисоби истифодаи маводҳои омехта, сарфи назар аз андозаи назаррасаш бесарнишин ҳамагӣ ҳудуди 1 тон вазн дорад. Баландии ниҳоии парвоз 7,5 ҳазор метр ва суръаташ 200 километр дар як соатро ташкил медиҳад. Парвозро оператор бо мавҷи радиоӣ идора мекунад ва дарозии мавҷҳо то 250 километро ташкил медиҳад.

Дастгоҳ аз он ҷиҳат нодир мебошад, ки дар майдони ҷанг метавонад самаранок, сарфи назар аз монеагузориҳои радиоии рақиб, кор кунад. Низоми электронию оптикии бесарнишин имкон медиҳад, ки ҳадаф дар парвоз муайян карда шаваду тариқи низоми худкор масири парвози мушакҳои идорашавандаро дуруст кунад.

Чашму гӯши ин бесарнишин – дурбинҳои телевизионию гармибин, фосиласанҷи лазерӣ ва нишонгири он мебошад. Инчунин ҷой барои дастгоҳи наворбардории рақамӣ ва истгоҳи радиолокатсионии назоратӣ пешбинӣ шудааст.

Рушди лоиҳаи “Орион” ин бесарнишини дутоннаи зарбазани “Сириус” мебошад. Намунаи парвозии он ба гуфтаи муаллифон соли оянда омода хоҳад буд. Он бо дастгоҳи алоқаи моҳвораӣ муҷаҳҳаз хоҳад буд, ки имкон медиҳад, парвоз амалан аз ҳар нуқтаи кураи Замин идора карда шавад.

Ҳамлаи дронҳо

Солҳои охир бесарнишинҳо дар мухолифатҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон зиёд истифода мешаванд ва яке аз мисолҳои тоза даргириҳо дар Қарабоғи куҳӣ мебошад. Ба гуфтаи Алексей Леонков, коршиноси низомӣ, нерӯҳои озорбойҷонӣ самаранок бесарнишинҳоро истифода мекунанд, чун артиши Қаробоғи куҳӣ тақрибан маҷмӯаи муосири мудофиавӣ ва муборизаи радиоэлектрониро надорад.

“Бисёри давлатҳо, ки ба бунёди низомҳои мудофиаи ҳавоӣ ва паноҳгоҳсозӣ таваҷҷуҳ намекунанд, оқибатҳои талхи ин корро дида истодаанд. Наворҳое, ки Озорбойҷон намоиш медиҳад, нишон медиҳанд, ки нерӯҳои арманӣ аз камингирӣ кам кор мебаранд. Агар бодиққат сари ин масъала таваҷҷуҳ мекарданд, бесарнишинҳо камсамар мебуданд, чун суръату тавоноии пайдо кардани ҳадаф дар онҳо маҳдуд мебошад”, - изҳор дошт Леонков дар суҳбат бо РИА Новости.

Дар баробари ин коршинос таъкид намуд, ки дар сурати корбурди муайян бесарнишинҳо ҳатто дар шароити низоми хуби мудофиаи зиддиҳавоӣ метавонанд ба рақиб хисороти ҷиддӣ расонанд.

Аз ҷумла ИМА феълан низоми дронҳоеро рушд дода истодааст, ки ҳамзамон даҳҳо дастгоҳ парвоз мекунанду низоми мудофиаи рақибро ошкор ва машғул мекунанду дастгоҳҳои радариро сӯи худ ҷалб мекунанд.

“Дар бомбафкани B-52 ҳудуди 140 адад чунин дастгоҳҳо ҷой дода мешаванд. Онҳо ҳадафҳои дурӯғинро вонамуд мекунанд. Вақте чунин гала парвоз мекунад низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ маҷбур аст, вокуниш кунаду мавқеашро ошкор намояд. Дар ин ҳангом замоне воҳидҳо ба нерӯгирии дубора машғуланд ҳавопаймоҳои зарбазан ба ҳадафҳояшон мерасанд”, - тавзеҳ дод Леонков.

Артиши Русия чанд намуди бесарнишинҳоро кор мебарад, ки асосан барои ҷосусӣ ва муайянсозии ҳадаф пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла феълан дастгоҳҳои бесарнишин бетанаффус дар атрофи пойгоҳи ҳавоии низомии “Хмеймим” дар Сурия навбатдорӣ мекунанд. Бо мавриди истифода қарор додани зарбазанҳои “Орион” низомиён аз бартарияти дигаре дар ҳаво бархӯрдор шуданд.

Таъсири равонӣ

Ба гуфтаи халабони низомии хизматнишондодаи Русия, генерал – майор Владимир Попов, бартарияти муҳими бесарнишинҳо амнияти ҳайати шахсӣ мебошад, ки даҳҳо километр дуртар аз макони амалиёт ба рақиб ҳамла мекунад. Инчунин дастгоҳҳои бесарнишин самаранокии ҳавопаймоҳои ҷангиро дучанд мекунанд.

“Мисол бесарнишини хурде маҷмӯаи мушакии фаврӣ-тактикиро ошкор кард, аммо ба гумон аст, ки онро ба танҳоӣ метавонад нобуд созад. Барои ин ҳавопаймоҳо заруранд. Аммо бесарнишин метавонад чанд бомб партояд, кори воҳидро дарҳам занад, фишори равонӣ орад. Баъди ин бар асоси додаҳо аз ин бесарнишин метавонад дастгоҳи дуюм ё ҳавопаймою чархбол парвоз кунанду корро анҷом диҳанд”, - тавзеҳ дод Попов.

Бояд иқрор шуд, муваффақияти бештарро дар истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин то ҳол амрикоиҳо ба даст овардаанд. Онҳо дронҳоро барои ҷосусӣ ҳанӯз аз солҳои 1960-ум истифода мебаранд. Дар Ветнам бесарнишинҳо ҳазорҳо парвоз анҷом доданд, ки ҳадафи асосияшон кашшофию суратгирӣ буд.  

Дар солҳои 90-уми асри гузашта Пентагон дронҳои бисёрҳадафӣ – “Predator”-ро соҳиб шуданд, ки на танҳо ҷосусӣ мекарданд, инчунин метавонистанд зарбаҳои нишонрас зананд. Ин “ҳайвон”-ҳои ҳавоӣ тақрибан дар ҳар даргирии ИМА, аз ҷумла дар Босния, Ироқ, Афғонистон, Либия ва Сурия истифода мешуданд.

Барчаспҳо:
артиш, силоҳ, дрон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ