12:51 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
33210

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи ҳамлаҳои ахири террористӣ дар Афғонистон ба раисиҷумҳури ин кишвар, Ашраф Ғанӣ занг зада, пуштибонияшро аз иқдоми Ҳукумат баён намудааст

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ паёми ҳамдардӣ фиристода, ҳамчунин суҳбати телефонӣ анҷом додаст.

Раҳмон ба Ғанӣ гуфтааст, хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.

"Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд", - изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ аз раванди музокироти сулҳи  байниафғонӣ истиқбол намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро оид ба пуштибонӣ аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми ин кишвари дӯст ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии мамлакат баён доштаст.

Ба иттилои котибот, зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо инчунин оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятӣ ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, решакан кардани ҳамагуна зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули афкор карданд.

Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ