10:46 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
15810

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон таҷрибаҳои нави ҷангиро, ки дар Сурия андӯхта шудаанд, дар размоиш татбиқ мекунанд. Дар ин тамринот ҳамчунин имконоти силоҳу техника санҷида мешавад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар размоиши муштарак, ки рӯзи ҷумъа дар тамрингоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Ҳарб-Майдон оғоз шуд, таҷрибаи ҷангии андӯхта дар Сурияро тамрин мекунанд.

Дар ин бора зимни оғози размоиш, генерал-лейтенант Юрий Петров, ноиби фармондеҳи нерӯҳои ҳавзаи марказии низомии Русия хабар дод.

 “Шароити размоиш хеле наздик ба ҷангӣ хоҳанд буд. Дар назар аст, ки шеваҳои нави ҷангӣ, ки дар Сурия андӯхта шудааст, тамрин карда шаванд”, - изҳор дошт Юрий Петров.

Ӯ афзуд, ки размоиш ба таҳкими амалиёти муштарак ва муносибати якхела ба гузарондани амалиёти низомӣ бо назардошти шароити иқлимию географӣ равона гардидаанд, ки омодагии баланди низомиён ва руҳияи устуворро талаб мекунанд.

Дар котиботи Ҳавзаи марказии низомӣ хабар доданд, ки низомиён дар марҳилаҳои размоиш амнияти иншооти муҳим, иҳотагирии гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва пешгирии ҳамлаи онҳоро тамрин мекунанд. Дар анҷоми размоиш оташкушоии маҷмӯӣ барои нобуд кардани рақиби шартӣ дар назар аст.

Дар тамринот, ки аз 20 то 28 ноябр идома меёбад, аз ҷониби Русия беш аз 3 ҳазор низомӣ бо 550 воҳиди техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла чархболҳои ҳарбӣ-нақлиётии Ми-24, Ми-8 МТВ5-1, танкҳои Т-72, мошинҳои навсозишудаи ҷангии БМП-2М, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, БТР-80, маҷмааҳои артиллерии "Град", "Ураган", худгардҳои артиллерии "Гвоздика" ва "Акатсия"  иштирок доранд.

Барчаспҳо:
соҳибтаҷриба, Сурия, размоиш, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ