09:26 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
524 0 0

Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов вокуниши Русия ба ҳамагуна ҳамлаи эҳтимолии ҷангиёни афғонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба ҳама гуна "сюрпризҳо" -и ҷангҷӯёни афғон омода аст, гуфт сафири Русия дар Душанбе, Игор Лякин-Фролов ҳангоми мулоқот бо намояндагони расонаҳо.

Дипломат қайд кард, ки аз ҷиҳати силоҳ, омӯзиш ва таълим хизматчиёни ҳарбии Русия дар сатҳи хеле баланд қарор доранд.

"Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳое, ки дар қаламрави Афғонистон ҳастанд, инро медонанд. Он нерӯҳое, ки ба амнияти Тоҷикистон зарар мерасонанд ва метавонанд зарар расонанд. Аз ин рӯ, пеш аз коре, ки бояд кунанд, бояд хеле хуб фикр кунанд",-  гуфт сафир.

Сафир қайд кард, ки масъалаҳои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар нишасти ахири СААД баррасӣ шуданд.

"Вазъ дар Афғонистон номусоид аст. Музокирот идома дорад, аммо то ба ҳол онҳо натиҷаи мушаххас надодаанд. Амалиёти низомӣ дар кишвар идома дорад", - гуфт ӯ.

Дипломат илова кард, ки айни замон дар Тоҷикистон барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дастурдиҳандагони пойгоҳи 201-уми Русия ба 500 низомии тоҷик курси омӯзиши гузарониданд

"Таҳвилҳо дар солҳои охир  12 миллиард рублро ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ин ҳафта ва ё ҳафтаи оянда  таҷҳизоти муҳандисӣ ворид карда шавад. Дар омода кардани кадрҳо низ Русия кӯмакашро мерасонад: ҳар сол тақрибан ҳазор фармондеҳони сатҳи миёна дар пойгоҳи 201 таълим мегиранд", - гуфт дар анҷом Лякин-Фролов.

Мавзӯъҳои асосӣ