10:38 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4010 0 0

Маҷлиси миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ як қатор қонунҳоро қабул кард, ки ба хизмати ҳарбӣ ва тартиби нави кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудаанд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул шуд,  ки ба таври муфассал тартиби даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва ба хизмати ҳарбӣ дар асоси ихтиёрӣ дохил шудани шаҳрвандонро муайян намудааст.

"Дар баробари ин, қонун хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро пешбинӣ намудааст. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа ва супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус ташкил ва гузаронида мешавад", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Котибот афзуд, ки инчунин ба қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти бархе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ илова ворид карда шуд.

"Тибқи он минбаъд нисбати номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судя, барои кор дар мақомоти прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷро ва мақомоти гумрук талаботи иловагии адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад", - таъкид кардааст дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ.

Барчаспҳо:
додситонӣ, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ