11:10 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мунтазам дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тамринҳо мегузаронад, изҳор дошт дабири кулли ин созмон, Станислав Зас

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ният дорад, ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшад, изҳор дошт дабири кулли созмон, Станислав Зас.

“Мо феълан Барномаи байнидавлатӣ барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳия дорем. Ин мушкил аз масъалаҳои мубрами рӯз, ҳам дар масъалаи ҳарбӣ ва ҳам дар дигар бахшҳо мебошад”, - изҳор дошт Зас.

Дабири кулли СААД таъкид кард, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон пайваста размоишҳо гузаронда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба хотири такмили малакаи ҷангии нерӯҳои СААД барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ роҳандозӣ шудаанд.

“Имсол низ мо ният дорем як қатор тамринҳоро дар қаламрави Тоҷикистон бо ҷалби нерӯҳои фаврии дастаҷамъӣ гузаронем, ки маҳз дар мавзӯи иштирок дар мухолифатҳои марзиро фаро мегирад”, - илова намуд он.

Зас инчунин Афғонистонро сарчашмаи ҷиддии таҳдидҳои террористӣ барои амнияти минтақавӣ хонд.

“Афғонистон сарчашмаи муҳими таҳдидҳои террористӣ боқӣ мондааст. Дар нимсолаи дуюми соли гузашта он ҷо беш аз 50 амали террористӣ анҷом дода шуд, ки ҳудуди 4 ҳазор нафар осеб диданд”, - таъкид намуд дабири кулли СААД.

Барчаспҳо:
созмон, СААД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ