20:57 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
421 0 0

Соли сипаригашта дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта бештар гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Тибқи иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, соли сипаришуда 1 118 (1063) ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 55 адад ё 5% зиёдтар мебошанд.

Прокурор гуфт, дар ин давра ду ҷинояти сӯиқасд ба терроризм ва 20 ҷинояти маблағгузории терроризм ошкору ба қайд гирифта шуд.

Ӯ зимни нишасти хабарии ниҳоди тобеяш зикр кард, ки танҳо як моҳи охир даҳ нафар шаҳрвандони кишвар барои ҳамкорӣ "бо ҷинояткорон ва иғвоангезоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд", боздошт ва ҳабс карда шудаанд.

Ба гуфти прокурори генералӣ, боздоштшудаҳо маълумоти бардурӯғу иғвоангезона ба онҳо ирсол мекарданд.

Раҳмон аз барқдуздии зиёд гуфт: 12 корманди шабакаҳои барқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Номбурда гуфт, "вақтҳои охир ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҷониби афроди иғвогар ва ҷинояткорони дар хориҷ аз кишварбуда", бештар шудааст.

Барчаспҳо:
ҷиноят, Юсуф Раҳмон, прокурор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ