Амалиёти муштараки Тоҷикистону Амрико: наздик ба ду тонна маводи мухаддир мусодира шуд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПакеты с гашишем, архивное фото
Пакеты с гашишем, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Оҷонсии назорати маводи нашъовари Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар як амалёти муштарак бо Амрико, Покистон ва Афғонистон соли гузашта 1 тоннаву 965 кило маводи мухаддиро мусодира кард
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, роҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъовари Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки дар ин амалиёт  дар ҳудуди Афғонистон 16 нафар ва дар ҳудуди Амрико 18 нафар боздошт шудааст.
Уничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2021
Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шудааст
Вай таъкид дошт, ки  дар ин амалиёт аз гуруҳҳои ҷинояткор як автомат, се мошин ва 165 ҳазор доллар низ мусодира шудааст.
Зимни нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Ожонсии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолияти 40 гуруҳи ҷиноятиро, аз ҷумла 3 гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 7 нафарро хунсо кардааст. 
Ин ниҳод 144 ҷинояти марбут ба маводи нашъоварро дар соли 2020 ошкор кардааст, ки дар муқоиса ба соли 2019 13 ҷиноят бештар будааст.
Ҳамчунин 7 нафар шахсони мавриди пайгарди ҷиноиро  дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидааст. 
Ба иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон аз сӯйи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  дар соли 2020  700 ҷинояти марбут ба маводи нашъовар ошкор шудааст, ки 118 ҷиноят нисбат ба як сол пеш зиёд будааст.
Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 2 тоннаву 425 кило маводи нашъовар мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2019 788 кило ё 48 дарсад бештар будааст.
Бо афғонҳо бо овози ҳайвон гап мезад: боздошти Раҷабалӣ аз Фархор бо 70 кило нашъа
Ҳисаи ВКД 1 тоннаву 117 кило, Кумитаи амният 1 тонаву 97 кило, Хадамоти гумрук 22 кило ва Оҷонси мубориза бо фасод 5 кило будааст.
Лентаи хабарҳо
0