07:30 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
1426 0 0

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зимни гузориш аз нишасти матбуотии комиссариати ҳарбӣ изҳор доштааст, ки даъвати баҳории наваскарон низ дар вилоят дар як рӯз иҷро хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Полковник Ҳамроҳ Хушдилзода, комиссари ҳарбии ВМКБ, мегӯяд, дар вилоят афроде, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зиёд шуда истодаанд.

“Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар даъвати тирамоҳӣ 248 нафар даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд, ки ин 105%-и нақшаи даъватро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод Хушдилзода.

Ӯ илова намуд, ки инчунин 63 нафар ҷавонон аз оилаҳои кормандони мақомот ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.

“Хушбахтона солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта истодаанд, зиёд шуда истодааст. Барои сафарбаркунии наваскарон дар мавсими баҳории соли 2021 омодагӣ дида истодаем”, - таъкид намуд комиссари ҳарбии ВМКБ.

Ваъдаи иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ дар як рӯз дар ҳолест, ки ВМКБ давоми се соли ахир аз лиҳози иҷро намудани даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз пешсафҳо ба шумор меравад.

Ин нукта дар ҷаласаи васеи солонаи Ҳукумати Тоҷикистон низ таъкид шуда, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дар як рӯз иҷро намудани даъвати ҷавонон ба сафи артиш изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Барчаспҳо:
даъват, нақша, мақом, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ