18:40 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Аз соли 2014 инҷониб Вазорати дифоъи Федератсияи Русия беш аз ҳафт ҳазор низомии тоҷикро омӯзишу тамрин додааст

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Аз соли 2014 то кунун Вазорати мудофиаи Русия беш аз 7 ҳазор ҳарбиёни Тоҷикистонро таълим додааст, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Душанбе, фармондеҳ бо вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо омодагӣ ва баргузории машқҳои муштаракро дар соли 2021 баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия.

"Имрӯз мо таҷҳизотро барои Тоҷикистон интиқол додем ва хизматчиёни ҳарбие, ки онро идора мекунанд, аз ҷониби мутахассисони Русия омӯзонида хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2014 инҷониб беш аз ҳафт ҳазор хизматчиро омӯзонидем, ки ин ба баланд шудани омодагии ҷангии низомиён таъсири назаррас мерасонад", -  гуфт Лапин.

Имсол мо аллакай ба омӯзиши як гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ шурӯъ кардем. Дар назар аст, ки дар ҳарбмайдони Лоҳур 140 танкчӣ ва 70 миномётчӣ омӯзонида шавад, илова намуд ӯ.

Низомиёни тоҷику рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон "террористон" - ро маҳв карданд - навор

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташкили фаъолияти муштараки таълими амалӣ ва машқҳо дар қаламрави Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Барчаспҳо:
вазорати дифоъи ФР, омӯзиш, тамрин, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ