23:02 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои дидор бо мақомоти баландпояи сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон дирӯз озими шаҳри Душанбе шуд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Имрӯз Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе бо Раиси Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД, вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтугӯ  кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти СПАД ҷонибҳо баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СПАД, ки қарор аст имсол дар шаҳри Душанбе баргшузор шавад баррасӣ намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо ҳамкориҳои низомӣ, низомӣ-техникӣ ва низомӣ-иқтисодиро барои соли 2021 баррасӣ намуданд.

Станислав Зас зимни мулоқот барои баланд бардоштани сатҳи омодагии нерӯҳои дастаҷамъӣ барои иҷрои вазифаҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиши муштараки амалиётӣ ва ҷангӣ таъкид кард.

Аз ҷумла, онҳо дар бораи такмили низоми фармондеҳии нерӯҳои дастаҷамъӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии нерӯҳои посдорони сулҳи СПАД ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо силоҳҳои муосир, техникаҳои махсус ва васоили махсус бо назардошти ҷалби онҳо ба амалиётҳои сулҳҷӯӣ таҳти сарпарастии СММ баррасӣ шуд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва дабири кулли СПАД машқҳои дарпешистодаи нирӯҳои амнияти дастаҷамъиро, ки дар қаламрави Тоҷикистон соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карданд.

Барчаспҳо:
Душанбе, низомӣ, сиёсӣ, дидор, СПАД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ