11:20 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
925 0 0

Генерал – полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, назарашро дар мавриди гузаштан ба гузинаҳои тоҷикии рутбаҳоро баён дошт. Дар сурати қабули гузинаҳои тоҷикӣ рутбаи Раҳимзода сипаҳсолор хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳимзода дар мавриди гузаштан ба гузинаҳои тоҷикӣ изҳор дошт, ки дар ин ҷо бояд сохторҳои дахлдор якҷоя хулоса бароранд.

Ӯ гуфт, огоҳ аст, ки тоҷикон низ таърихан чунин воҳидҳою рубтаҳоро доштанд, аммо бояд муайян шавад, ки дар ҳоли ҳозир анҷоми ин кор муфид аст ё не. Ӯ хотиррасон намуд, ки дар сурати гузаштан ба шеваи миллӣ, бояд дар қонунҳои зиёде тағйирот ворид гардад, ки он маблағро талаб мекунад.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, дар ҳоли буҳронии ҳозира, ки ҷаҳонро пандемия фаро гирифтаасту мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ҷой доранд, гузаштан ба гузинаҳои тоҷикӣ чандон муфид нест, аммо дар оянда мумкин аст.

Ӯ илова намуд, ки дар сурати ҷонибдории дастаҷамъии сохторҳо, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ зимни таҳияи қонун дар бораи пулис ин ҷанбаҳоро ба назар хоҳад гирифт.

Ахиран Раҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи истилоҳҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт,  истилоҳоти низомӣ, ба хусус рутбаҳо ва воҳидҳою ягонҳои низомӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудаанд.

Гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои низомӣ, аз ҷумла ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон пешниҳод шуда буд.  

Дар мавриди ҳайати афсарӣ, лейтенант – таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал лейтенант – лашкарсолор, генерал полковник – сипаҳсолор ва генерал армия – артишсолор пешниҳод гардидаанд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ