15:26 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4312 0 0

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ҷанбаи қонунии сабти кормандони милиса ё худ нозирони роҳро аз ҷониби ронандагон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ягон қонуне дар Тоҷикистон нест, ки ба навор гирифтани кормандони милисаро манъ карда бошад.

"Лекин аз лиҳози агар башарӣ гирему қонуни Тоҷикистон дар бораи шахсият, ҳар касро навор гирифтану тариқи интернету каналҳо паҳн кардан дуруст нест", - посух дод Раҳимзода.

Ӯ гуфт, дар бисёри кишварҳо қонунҳое қабул шуда истодаанд, ки ба навор гирифтани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро маҳдуд карда истодаанд.

Аммо вазири умури дохилӣ нагуфт, ки мақомоти Тоҷикистон низ чунин ниятро доранд ё на.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бо зиёд шудани телефонҳои ҳамроҳ ҳолатҳои баҳси ронандагон бо кормандони милиса, аз ҷумла нозирони роҳ низ зиёд сабт мешаванду ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Дар бархе ҳолатҳо ронандагон бо иддаои он, ки ҳуқуқҳояш нақз шуда истодаанд, аъмоли корманди умури дохилиро сабт мекунад.

Таҷрибаи сабти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми қонуншиканӣ дар вақти адои хизмат роиҷ аст ва чунин наворҳо дар шабакаҳои интернетӣ зиёд нашр гардидаанд.

Барчаспҳо:
навор, сабт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ