10:42 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Ба ифтихори 23 феврал, хизматчиёни ҳарбии Русия ба собиқадор гул ва тӯҳфаҳо супорида, инчунин барои ӯ консерти шахсӣ ташкил карданд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон полковники мустаъфӣ Юлдош Холиқовро бо Рӯзи ҳомиёни Ватан табрик гуфтанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини фармондеҳи РВБ 201 оид ба корҳои ҳарбӣ-сиёсӣ Александр Богданчиков ҳамроҳ бо оркестр ба хонаи собиқадори 80-сола омада, ӯро шодбоош гуфтаанд.

Ба муносибати 23 феврал ба Холиқов гул ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

"Юлдош Сафаровичи азиз, аз номи тамоми ҳайати воҳиди низомии Русия, Шуморо бо Рӯзи ҳомиёни Ватан табрик мегӯем. Ба шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва умри дароз орзу менамоем. Ман ба шумо барои иштироки фаъолона дар тарбияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбии Русия аз таҳти дил ташаккур мегӯям", - изҳор дошт Богданчиков ба Холиқов.

Оркестри ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар саҳни хонаи куҳансарбоз консерт ташкил кард, ки дар он осори дӯстдоштаи низомии собиқадор иҷро шуданд.

Юлдош Холиқов собиқадори пойгоҳи низомии 201 аст. Ин мард дар амалиёти низомии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил ширкат варзид.

Холиқов барои хидмати софдилонааш бо як қатор мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ қадрдонӣ шудааст.

Барчаспҳо:
пойгоҳ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ