09:42 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Сафкашии ширкатдорони неруҳои сулҳхоҳ

ВАО: Артиши Тоҷикистон дар минтақа заифтарин аст

© Sputnik / Ратушенко
Мурури матбуот
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Гузориши “Тавозуни низомӣ-2015” иқтидори низомии Тоҷикистонро аз ҳамсояи наздиктаринаш Ӯзбакистон - 9 маротиба камтар ҳисоб кардааст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), марказаш дар Лондон, рӯзи 11 феврал дар гузориши солонааш бо номи  "Тавозуни низомӣ-2015" (The Military Balance 2015) хароҷоти низомӣ ва иқтидори ҳарбиву ҷангии 171 кишвари дунёро баршумурдааст.

Хароҷоти низомии Тоҷикистон аз ҳамсояи наздиктаринаш — Ӯзбакистон — қариб 9 маротиба ва шумораи сарбозонаш қариб 5 маротиба аз нирӯҳои мусаллаҳи Ӯзбакистон камтар будааст, бо такя ба ин гузориш менависад "Радиои Озодӣ.

Ин марказ хароҷоти низомии Тоҷикистонро дар соли гузашта 946 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар бо қурби соли 2014 ҳисоб мекунад ва мегӯяд, ҷамъи нирӯҳои низомиву ниманизомии Тоҷикистон 16 300 нафарро ташкил медиҳанд.

Аммо Ӯзбакистон солона (тибқи омори соли 2013) барои соҳоти низомиаш маблағи муодили 1 миллиарду 590 миллион долларро сарф мекунад ва ҷамъи нирӯҳои низомию шибҳанизомии ин кишвар низ 75 500 нафар будааст. Аммо аз нигоҳи низомӣ тавонотарин қудрати Осиёи Марказӣ на Ӯзбакистон, балки Қазоқистон будааст, ки дар 3 соли охир барои нирӯҳои низомиаш солона беш аз 2 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Аммо аз нигоҳи шумори нирӯҳо — 67 500 нафар — Қазоқистон аз Ӯзбакистон каме ақиб мемонад.

Туркманистон бо 25 500 сарбоз ва 612 миллион доллар буҷаи низомӣ (омори соли 2013) сеюмин кишвари аз нигоҳи иқтидори ҷангӣ тавоно дар Осиёи Марказӣ шинохта мешавад, омодааст дар гузориши The Military Balance 2015.

Қирғизистон дар минтақа камтар аз ҳама — ҳамагӣ 95 миллион долларро дар сол барои нирӯҳои мусаллаҳаш сарф мекардааст, вале ин кишвар аз нигоҳи шумори нирӯҳои низомию шибҳанизомиаш — беш аз 20 000 афсару аскар — боз ҳам аз Тоҷикистон пештар аст.

Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба фарқ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз тақсими мероси Артиши Шӯравӣ дар ибтидои солҳои 90 комилан бенасиб монд, бино ба гузориши "Тавозуни низомӣ-2015", аз нигоҳи таслиҳотӣ низ заифтарин артиши минтақа боқӣ мемонад.

Артиши Тоҷикистон 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.

Нирӯҳои мусаллаҳи Ӯзбакистон, барои муқоиса, 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 170 тонки Т-62, 19 БРДМ, 120 БМД, 270 БМП, 309 БТР, 487 тӯп ва 135 ҳавопаймо, бо шумули 30 ҳавопаймои МИГ-29 ва 76 ҳавопаймои навъи СУ, ҳамчунин 29 чархболи МИ-24, 29 МИ-6 ва 52 МИ-8 дар ихтиёр доштаанд.

Туркманистон бо онки худро як кишвари бетараф эълон кардааст, низ 10 тонки муосири Т-92 ва 680 тонки Т-72, 170 БРДМ, 942 БМП, 829 БТР, 570 тӯпхона, 19 киштӣ дар баҳри Хазар (Каспий) ва 94 чархболу ҳавопаймо дорад.

Арсенали ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, дар гузориши "Тавозуни низомӣ-2015" 300 тонки Т-72, 100 БРДМ, 500 БМП, 152 БТР, 357 тӯпхона, 17 киштӣ дар баҳри Хазар ва 122 ҳавопаймову чархболи ҷангӣ ҳисоб шудааст. Ҳатто Қирғизистон, ки буҷаи низомии камтарин дар минтақаро дорад, дар амбори силоҳҳояш 150 тонки Т-72, 30 БРДМ, 35 БТР, 246 тӯпхона, 29 ҳавопаймои МИГ-21, 4 ҳавопаймои АН-2 ва 2 чархболи МИ-24 ва 8 чархболи навъи МИ-8 доштааст.

Тоҷикистон дар ин гузориш танҳо аз як назар — шумори нирӯҳои хориҷии мустақаршуда дар қаламраваш — дар Осиёи Марказӣ ҷои якумро мегирад. Гузориши "Тавозуни низомӣ-2015" шумори нирӯҳои пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро, ки бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии он кишвар дар хориҷ ба шумор меравад, 5000 аскару афсар баршумурда, менависад, ин пойгоҳ 40 тонки Т-72, 60 зиреҳпӯши БМП-2, 80 зиреҳпӯши БТР-80, 40 мошин (тягач)-и МТ-ЛБ, 2 зиреҳпӯши 2S1 ("Гвоздика"), 6 системаи оташандози "Ураган" ва 4 чархболи МИ-8  дорад.

Гузориш мегӯяд, Тоҷикистон низ дар хориҷ як сарбоз дорад. Ин афсарест, ки дар ҳайати нозирони низомии САҲА раванди оташбас дар Украинаро назорат мекунад.

Гузориши "Тавозуни низомӣ-2015" 15 кишвари аз нигоҳи низомӣ муқтадири дунёро ҳам нашр кардааст, ки бештар аз дигарон ба артишҳои худ сармоягузорӣ мекунанд. Дар ин "сабқат" Амрико бо 581 миллиард доллар буҷаи низомии солона бидуни чуну чаро дар ҷои аввал аст. Дар ҷои дувум Чин истодааст, ки буҷаи низомиаш 129 миллиард доллар, вале боз ҳам беш аз 4 маротиба камтар аз хароҷоти низомии Амрикост.

Арабистони Саудӣ бо 80,8 миллиард доллар буҷаи низомии солона дар ҷои сеюм ва Русия бо 70 миллиард доллар хароҷоти низомиаш дар соли 2014 дар ин "мусобиқа" дар мақоми чорум ҷой гирифтаанд. Панҷгонаи қудратҳои низомии дунёро Бритониёи Кабир бо 61,8 миллиард доллар буҷаи низомиаш нуқтаи таммат мегузорад.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS) ҳар сол гузориши солонааш  дар бораи зарфиятҳову хароҷоти низомии кишварҳои ҷаҳонро нашр мекунад. Мақомоти Тоҷикистон аз ташреҳи ин гузориш ҳамеша худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, харҷу дахли низомии ин кишвар сирри давлатист.

Барчаспҳо:
ҳавопаймо, чархбол, танку туп, силоҳҳо, шумори сарбозон, буҷа, дар соли 2014, иқтидори низомӣ, "Тавозуни низомӣ-2015", Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Амрико, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ