12:22 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Сафари кории В.Путин ба Беларус. Акс аз бойгонӣ

ВАО: ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шудани ҶТ ногузир аст

© Sputnik / Алексей Никольский
Мурури матбуот
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Тоҷикистон, ки барои узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ЕвразЭС) аз ҷониби Маскав зиёд ташвиқ мешавад, ҳанӯз ба он посухи мушаххас надодааст. Дар Душанбе мегӯянд, ки ин мавзӯъ мавриди омӯзиш қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Иқтисодшиноси тоҷик Нозим Ишонқулов мегӯяд, Тоҷикистон билохира  ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ё ба истилоҳ ИИАО (ЕвразЭС) шомил мешавад, менависад Радиои Озодӣ.

"Агарчанд узвият дар ин созмон аз лиҳози манфиатҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон чандон зиёд нест, вале аз назари манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва муомилоти тиҷоратӣ ин ташаккул бартариҳои худро дорад",- мӯътақид аст таҳлилгари тоҷик.

Ишонқулов меафзояд, ба фикри ман, Тоҷикистон билохира ба узвияти ин созмон ворид мешавад, чунки ҳукумат илоҷи дигаре надорад. Ҳарчанд ман ҷонибдори ин созмон нестам, вале ҳаминро мефаҳмам, ки аз узвият дар ин ташаккул Тоҷикистон фоидаи бештар мебинад.

Дар таърихи 12 август Ҷумҳурии Қирғизистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд, ки ҳамакнун он аз панҷ кишвар иборат аст: Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва инак,  Қирғизистон. Ин ба он маъност, ки марзҳои ин ташаккули иқтисодӣ то сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ доман паҳн кард ва сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон акнун  сарҳади Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд.

Тоҷикистон, ки барои узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ЕвразЭС) аз ҷониби Маскав зиёд ташвиқ мешавад, ҳанӯз ба он посухи мушаххас надодааст. Дар Душанбе мегӯянд, ки ин мавзӯъ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Иқтисодшинос Нозим Ишонқулов меафзояд, узвият дар ин созмон, пеш аз ҳама, ба манфиати муҳоҷирони ҷӯёи кори тоҷик аст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз таниши иҷтимоӣ ҳукумат бояд ба ин роҳ равад.

Коршиносони тоҷикистонӣ ҳадс мезананд, ки  як масъалаи ҷиддии мавриди нигаронии ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала — вобастагии шадид  аз  муқаррароти созмони зери назари Маскав ва хатари коҳиши буҷаи вобаста аз боҷи гумрукӣ мешавад

Барчаспҳо:
коршиносон дохил шудани Тоҷикистонро ҳадс мезананд, ҶТ ба ин ташкилот ворид мешавад, изҳори назар, ЕвпазЭС, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ИИАО, Низом Ишонқулов, Арманистон, Қирғизистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ