18:18 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Сурия. Акс аз бойгонӣ

Калиди ҳалли низоъи Сурия аз дидгоҳи Бан Ки Мун

© Sputnik / Павел Давыдов
Мурури матбуот
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун рӯзи 28 сентябр иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумиро бо даъват ба хатми низои Сурия оғоз бахшид. Ӯ дар паёмаш бори аввал хостори ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ кашондани парвандаи ҷанги Сурия шуд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам бахши умдаи суханронии худ дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ-ро ба ҳаводиси ахири Ховари Миёна, аз ҷумла буҳрон ва низоъ дар Сурия бахшид, менависад РИА Новости.

Ӯ хостори ташкили як эътилофи густурдаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм шуда, аз ҷомеи байналмилал даъват кард, ки ба ҳукумати кунунии Сурияву барои барқарор кардани сохторҳои давлатӣ дар Либия кумак кунанд ва аз ҳукумати нави Ироқ пуштибонӣ намоянд. Владимир Путин ҳамкорӣ накардан бо ҳукуматии феъли Сурия дар мубориза бо терроризмро "иштибоҳи бузург" донист.

"Билоахира бояд иқрор шуд, ки ҳоло дар Сурия ба ҷуз аз неруҳои ҳукуматию шибҳнизомиёни курд касе бо ҷангиёни "Давлати исломӣ" ва гуруҳҳои дигари террористӣ муборизаи воқеӣ намебарад", таъкид кардааст раисҷумҳури Русия.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ҳам дар суханронии худ дар ин иҷлос гуфт, ки Вашингтон барои хатми ҷанги Сурия бо ҳама кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Эрон омодааст, ҳамкорӣ кунад. Вале, ӯ зимни суханрониаш дар Маҷмаи кулии СММ дар Ню-Йорк рӯзи 28 сентябр гуфт, ки вазъ ба ҳеҷ сурат ба ҳолати пеш аз ҷангии Сурия бар нахоҳад гашт, навиштааст сомонаи Кохи сафед.

"Мо бояд эътироф кунем, ки баъди ин қадар қатлу хунрезиҳо бозгашт ба ҳолати  пешазҷангӣ номумкин аст", — афзудааст Обама.

Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ низ зимни суханронии худ дар ин иҷлосия пешниҳод кард, ки мубориза бо терроризм ба як санад ва қоидаи илзомовари байналмилалӣ табдил шавад ва ҳеч давлате натавонад, аз терроризм ба унвони як равиши мудохилаҷӯёна дар умури миллатҳои дигар ҳимоят кунад, менависад хабаргузории Тобнок.

"Мо омодаем, ки барои нобуди терроризм ва бистарсозӣ барои таҳаввулоти демократӣ дар минтақа кумак кунем ва иҷоза надиҳем, аслиҳа ба абзори таҳаввул табдил ёбад. Мо ҳамонгуна, ки дар Ироқ ва Афғонистон ба истиқрори демократия кумак кардем, омодаи кумак ба рушди демократия дар Сурия ҳам ҳастем. Мо аз ҳукумати аксарият бо ҳифзи ҳуқуқи ақалият дифоъ мекунем", таъкид кардааст Ҳасан Руҳон.

Аммо тибқи гузориши сомонаи СММ дабири кулли ин созмони ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки низои Сурия аз сӯи қудратҳову рақибҳои минтақавӣ идора мешавад ва калиди ҳалли сиёсии ин ҷанг дар дасти Русия, Амрико, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Эрон аст.

"Низои Сурия аз сӯи қудратҳову рақибҳои минтақавӣ идора мешавад ва калиди ҳалли сиёсии ин ҷанг дар дасти Русия, Амрико, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Эрон мебошад. То даме  ки яке аз ин кишварҳо бо дигарӣ ба созиш наоянд, интизор шудани тағйироте дар масъалаи Сурия бефоида мебошад", — изҳор доштааст, Бан Ки Мун.

Низои Сурия бо беш аз 200 000 қурбонӣ ва миллионҳо беҷошудааш як мавзӯи асосии Маҷмаи умумист ва ин дар ҳолест ки раҳбарони ҷаҳон роҳҳои хатми ин низоъро меҷӯянд.

Барчаспҳо:
Сурия, низоъ, ИМА, созиш, иҷлосия, Туркия, СММ, иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ, СММ, Ҳасан Руҳонӣ, Бан Ки Мун, Владимир Путин, Барак Обама, Туркия, Сурия, Эрон, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ