05:18 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Водохранилище Таджикское море

Ӯзбакистон дар наздикии марзи Тоҷикистон обанбор бунёд кард

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Ин обанбори сунъӣ, ки барои сохтмонаш ҳудуди 7 миллион доллар масраф шудааст, муносибати бе ин ҳам сарди ду ҳамсоякишварро дар ростои истифодаи обу захоири обӣ шояд сардтар месозад.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Обанбори Камонгарон бо ғунҷоиши 1,5 миллион метри мукааб дар ноҳияи Ургути ҳамсарҳад бо Панҷакент бунёд шудааст, менависад сомонаи 12news.uz.

Майдони умумии обанбор 16 гектарро ташкил медиҳад. Ин иншоот бо ҷадидтарин таҷҳизоти фаннӣ ва ҳисобкунакҳои махсус ҷиҳозонида шудааст. Тақсимоти об аз ин обанбор тариқи автоматӣ сурат мегирад.

"Обанбор вазъи мелиоративии бештар аз 100 гектар заминҳои обёришавандаро беҳтар сохта, аҳолии хоҷагиҳои фермерии Камонгарон ва Вагаштиро бо об таъмин мекунад", — гуфтааст Қаҳрамон Фатиллоев, мудири ширкати давлатии "Узмахсуссувкурилиш ихтисослашган компания" аснои мусоҳиба бо оҷонсии иттилоотии УзА.

Гуфта мешавад, оби обанбор аз ҳисоби рудҳои кӯҳӣ ва борон захира мешавад.Арзиши умумии тарҳ бошад, беш аз 7 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар масоили истифодаи об ва захоири он ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд. Тошканд тайи даҳ соли ахир аз бунёди неругоҳи Роғун интиқод карда, онро пружаи хатарнок барои Осиёи Миёна ва кишварҳои поёноб маънидод мекунанд. Аммо, коршиносон иддаоҳоро дар бораи таъсири манфии «Роғун» ба хоҷагии қишлоқи Ӯзбакистон беасос хонда, пешниҳоди ислоҳот дар соҳаи обёрикунии он кишварро саривақтӣ арзёбӣ мекунанд, зеро маҳз исрофкории кишвари ҳамсоя мушкилоти обро дар минтақа шиддат бахшидаст.

Барчаспҳо:
дар назди марзи Тоҷикистон, обанбор бунёд кард, "Роғун", неругоҳи Роғун, ширкати давлатии “Узмахсуссувкурилиш ихтисослашган компания, Қаҳрамон Фатиллоев, Панҷакент, Ургут, Тоҷикистон, Тошканд, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ