18:04 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Coca-Cola

"Кока-Кола"-и туркӣ ба Тоҷикистон меояд

© Flickr / Asta Adamonyte
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Coca Cola Icecek-и Турки қасд дорад, 50 миллион доллар барои сохтани корхонаи истеҳсоли нушобаҳои бидуни спирти ширкати Coca Cola дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Кока —Кола Ичечек А.С"-и Туркия созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи маҳсулоти нӯшокиҳои гуногун ба имзо расид, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Ин созишнома 21 декабри соли 2014 дар Душанбе сурат гирифтааст.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим ва аз ҷониби ширкати "Кока-Кола Ичечек А.С." директори генералии ҶДММ "Кока- Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон" Мустафо Метен имзо кардаанд.

Ширкати Кока-Кола яке аз бузургтарин ширкатҳои маъруф ва пуриқтидори истеҳсоли ҷаҳонӣ буда, маҳсулоти тавлиданамудааш дар 200 кишвари ҷаҳон ба фурӯш меравад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мегӯяд, дар марҳилаи аввали сармоягузорӣ ҳаҷми он 30 миллион доллар ва дар марҳилаи дувум 20 миллион долларро дар бар мегирад. Мақомоти тоҷик муътақиданд, бо бунёди ин корхона, аз 120 то 500 ҷои корӣ дар кишвар таъсис шуда, солона 100 миллион литр нӯшокӣ тавлид мегардад.

Санад ва ё ёддошти тафоҳум дар мавриди бунёди корхонаи истеҳсоли машруботи Кока —Кола, ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2012 зимни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Туркия дар шаҳри Қуния ба имзо расида буд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот пардохтҳои давлатӣ ба буҷети кишвар зиёда аз 21 миллион долларо ташкил хоҳад кард.

Тобистони соли гузашта Қодири Қосим ба журналистон иттилоъ дода буд, ки бунёди корхонаи мазкур дар ноҳияи Ҳисор шуруъ шудааст ва интизор меравад, ки то моҳи апрели соли 2015 ба итмом бирасад.

Ҳоло ин санад барои тасдиқ ба парлумони кишвар фиристода шудааст ва аз санаи ратификатсия мавриди амал қарор дода шуда, ба муҳлати 5 сол амал мекунад.

Туркия яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта ва ҳаҷми мубодилаи молу коло миёни ду кишвар ба миллионҳо доллар мерасад.

Дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки умдатан дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолият менамоянд. Теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Мавзуъ

Тақвияти сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон
Барчаспҳо:
нӯшоба, апрели 2015, таъсис, корхона, "Кока-Кола Ичечек А.С", Мустафо Метен, Қодири Қосим, Ҳисор, Туркия, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ