Дар соли 2014 равобити иқтисоди хориҷии Тоҷикистон 6,3% афзоиш ёфтааст

© Sputnik Алюминиюм. Акс аз бойгонӣ
Алюминиюм. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2014 мизони воридоти Тоҷикистон 7% афзоиш ёфта ва ба $4,3 миллиард дуллор баробар шудааст, вале мизони содирот бо дарназардошти рушди седарсадӣ ба як миллиард ҳам нарасидааст.

Душанбе, 13 янв — Sputnik. Мизони равобити хориҷии иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2014 ба 6,3% афзоиш ёфта ба $5 миллиарду 319 миллион расидааст, хабар медиҳад сомонаи Идораи гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон.

Аз ин маблағ 4,3 миллиард дуллори Омрико саҳми воридот аст, ки нисбат ба соли 2013 7% бештар аст. Мизони содирот ҳамагӣ 976 миллион дуллори Омрико аст, ки нисбат ба соле пеш рушди 2,8% дорад.

Тибқи иттилоъи Идораи гумрук, афзоиши мизони воридот дар соли 2014 ба бештар шудани воридоти маводди сӯхтӣ ва гандум бастагӣ дорад. Дар соли 2014 кишвар 580 ҳазор тонна маводди сӯхтӣ ба маблағи $508 миллион ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2013 218 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳамзамон воридоти ғалладона низ афзоиш ёфтааст. Дар соли 2014 ба кишвар 775 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба соле пеш 135 ҳазор тонн бештар будааст.

Дар содирот мизони аслӣ ба алюминиюм ва маҳсулот аз он таъаллуқ дорад — 24% ва ё $234 миллион, пахта — 14% ва ё $132 миллион, мева ва сабзавот — 4% ва ё $37 миллион.

Шарикони аслии содиротии Тоҷикистон Швейсария — 27%, Туркия — 26%, Қазоқистон — 18% буданд. Дар бахши воридот Русия 28%, Чин — 17%, Қазоқистон — 13%, Швейтсария — 5%, Литва — 5%, Эрон — 4%, Туркия — 3,4 %, Омрико — 3% ва дигарон будаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки тибқи дурнамо дар соли 2014 аз ҳисоби аворизи гумрукӣ бояд ба будҷети кишвар $3,8 миллиард ворид мешуд, вале дар асл маблағи 5,4% бештар, яъне беш аз 4 миллиард дуллори Омрико ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0