11:12 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ

Русия воридкунандаи аслии маводди сӯхтии Тоҷикистон аст

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Қариби куллия маводди сӯхтии соли гузашта ба Тоҷикистон ворид шуда дар Русия тавлид шудааст. Танҳо даҳ дарсади воридоти маводди нафтӣ тавлиди Қазоқистон, Туркманистон ва кишварҳои дигар мебошад.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маводди нафтии тавлиди Русия 90% воридоти маводди сӯхтии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, хабар додааст CA-News бо истинод ба муъовини раиси Идораи гумруки Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов, ки ин матлабро дар нишасти хабарии 14 январ эълом кардааст.

Дар соли 2014 Тоҷикистон 580 ҳазор тонн маводди нафтиро ба маблағи 508 миллионов долларов ворид кардааст, ки дар муқоъиса бо соли 2013 218 ҳазор тонн ва 129 миллион доллар бештар мебошад.

Аз куллия мизони воридоти маводди нафтӣ 246 ҳазор тоннро бензин, ҳудуди 245 ҳазор тоннро маводди дизелӣ, 60,5 ҳазор тоннро маводди реактивӣ ва ҳудуди 16 ҳазор тоннро мазут ташкил медиҳад.

Маҳмадов гуфтааст, ки воридкунандаи аслии маводди нафтӣ ба Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст, ки дар соли 2014 ҳудуди 90% воридоти маводди сӯхтӣ ба ин кишвар рабт дорад. Дар соли гузашта маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон ҳамчунин аз Қазоқистон (8,4%), Туркманистон (2,6%) ва дигар кишварҳо ворид шудаанд.

Барчаспҳо:
воридоти маводди сӯхтӣ, Идораи гумрук, Нуриддин Маҳмадов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ