Ширкати “Созидание” мурофиъаи додгоҳиро алайҳи Кумитаи андоз бохт

© Sputnik / Амир ИсаевМаркази тиҷории "Созидание". Акс аз бойгонӣ
Маркази тиҷории Созидание. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Молики Hyatt Regency Dushanbe бояд ба будҷаи Тоҷикистон $65 миллион қарзи андозро пардохт кунад. Кумитаи андоз умедвор аст, ки ин ширкати русӣ метавонад ин маблағро дар тӯли соли 2015 пардохт кунад.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Мурофиъаи додгоҳӣ миёни ширкати русии "Созидание" ва Кумитаи андози Тоҷикистон, ки дар давоми соли 2014 идома дошт, ба суди Кумитаи андоз анҷом ёфт, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раҳбари Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода.

Муҳокимаи додгоҳӣ барои ситонидани андоз ва ҷаримаҳо ба маблағи 321 миллион сомонӣ ба суди Кумитаи андоз ҳал шуд ва ҳамакнун ширкат муваззаф аст, ки ин маблағро батадриҷ ба будҷаи Тоҷикистон пардохт кунад, хабар дод дар нишасти матбӯъотӣ раиси Кумита Нусратулло Давлатзод.

"Имзои "Созишнома" миёни ҳукумат ва ширкати "Созидание" дар заминаи замони иҷрои ҳукми додгоҳ ва тартиби пардохти маблағи зикршуда дар назар аст", — гуфт вай.

Мушкили ин ширкат бо ниҳодҳои андоз 5 сол қабл, баъд аз он ки Кумитаи андоз бозрасии кулли дуввум дар тӯли панҷ солро анҷом дод, оғоз шуданд.

Ба иттилоъи худи ширкат, дар пайи ин бозрасӣ Кумитаи андоз 177,11 миллион сомонӣ андозҳои изофӣ ва 145, 20 ҷаримаву изофапулиҳоро ошкор карда ва пардохти онҳоро талаб кард.

Маблағи умумии пардохтҳои изофӣ 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ ё ҳудуди 67 миллион долларро ташкил дод.

Ширкати "Созидание", ки молики Маркази тиҷоратии "Созидание" ва ҳутали панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe аст, бо чунин тасмими бозрасӣ розӣ нашуд ва ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурд, ки ахиран ба суди Кумитаи андоз ҳал шуд.

Дар гузашта дар сойти Кумитаи андоз иттилоъ дода шуда буд, ки маболиғи қарзҳои андозии ширкати "Созидание" ошкор ва таъйид шуда ва бозрасии ҷадид дар чорчӯби қавонини Тоҷикистон дар мӯҳлати аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 гузаронида шудааст.

Муъассисони ширкати "Созидание" ширкати WTT Hotels one Limitedи Ҷумҳурии Кипр аст, ки молики 100% буд ва саҳмияҳои худро ба ширкати 100 миллион доллар ба ширкати дигари Кипр SUNLINK LIMITED фурӯхтааст. Вале аз ин мавриди хариду фурӯш ба будҷаи Тоҷикистон маблағи андоз супорида нашудааст, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон мебошад.

Дар Кумитаи андоз изҳори умед карданд, ки ширкат дар тӯли соли 2015 метавонад ин маблағро ба будҷаи кишвар пардохт кунад.

Лентаи хабарҳо
0