23:46 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузори ва амволи давлатии ҶТ

Ба иқтисоди Душанбе $361,6 миллион сармоягузорӣ шудааст

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Русия ва Чин сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар соли 2014 бештар аз ҳама ба иқтисоди шаҳри Душанбе сармоягузорӣ шудааст ва он баробари $361,6 миллион доллар аст, гуфт дар нишасти матбуотии рӯзи гузашта раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".

Ба ин тартиб ба иқтисоди шаҳри Душанбе 51,7% маболиғи сармоягузориҳо ворид шудааст. Ба вилояти Суғд — $213,6 миллион (30,6%), ба вилояти Хатлон — $85,6 миллион (12,2%), ба ВМБК — $691 ҳазор (0,1%) ва навоҳии тобеъи марказ $37,4 миллион (5,4%) сармоягузорӣ шудааст.
Сармоягузори аслӣ дар соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон ба гунаи солҳои қаблӣ Русия буд, ки $149 миллион, ё 21,4% аз ҳаҷми умумии сармоягузориро кардааст. Ин маболиғ ба арсаи мухобирот, хадамоти молӣ ва истихроҷ масраф шудааст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин $121, 3 миллион ё 17,4% сармоягузориро ба истихроҷ, тиҷорат, маводи сохтмонӣ, хадамоти молӣ, таҷҳизоти фаннӣ масраф кардааст.

Люксембург — $87,9 миллион ё 12,6% (хадамоти молӣ) ва ИМА- $81,0 миллион ё 11,6% (хадамоти молӣ) сармоягузорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Қодири Қосим, дар соли 2014 иҷрои 5 барномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии $850 миллион бобати сохтмони 6 корхонаи саноатии ҷадид ва таъсиси ҳудуди 4 ҳазор ҷойи нави корӣ имзо шудаанд.

Сармоягузорони аслии барномаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд- $716, 5 миллионов, ЭксИмБонк (Чин) — $609, 6 миллион мебошанд.

Ҳамчунин, Бонки Ҷаҳонӣ — $231,8 миллион, Бонки Исломии Рушд — $132,9 миллион, ва муассисоти дигари байналмиллалии молӣ — $418,3 миллион ва ҳукумати Тоҷикистон — $150,2 миллион сармоягузори Тоҷикистон буданд.

Мавзуъ

Сармоягузорӣ ба арсаи нақлиёт дар соли гузашта $600 миллион буд
Барчаспҳо:
нишасти матбуотӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, Қодири Қосим, ВМБК, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ