Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон $100 миллион ваъда кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Э. Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо ҷудо мешаванд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Мудири Бонки Ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ваъда кардааст, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон $100 миллион ба ҳайси грант ва қарзи имтиёзӣ кӯмак мекунад, менависад сомонаи расмии президент.

Ин маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо ҷудо мешаванд.

Мудири Бонки Ҷаҳонӣ ин ваъдаро зимни дидоре бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чаҳоршанбеи 4 феврал кардааст.

Дар ин дидор, ҷонибҳо ба ҳангоми баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

"Гуфтугӯйи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт", — менависад сомона.

Феълан дар Тоҷикистон бо харҷи 185,1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои имтиёзии Бонки Ҷаҳонӣ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад.

Сароҷ Кумар Ҷҳа низ дар навбати худ изҳор доштаст, ки Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ аз рушди босуботи Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0