17:58 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Дар бозори Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Таваррум дар аввали соли 2015 дар Тоҷикистон 0,6% шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Тибқи омори расмӣ, мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2015 баробари 0,6% шуд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар нахустин моҳи соли ҷорӣ 0,6% унвон шудааст, ки ба 0,2% бештар аз омори моҳи январи соли 2014 мебошад, навиштааст сойти интернетии Бонки миллии Тоҷикистон.

Таваррум дар бахши истеъмолӣ дар моҳи январи соли 2015 0,6% будааст. Арзиши қимати маводи ғизоӣ боло рафта дар мизони 0,9% қарор дорад, ки ба 0,4% бештар аз нишондоди моҳи январи соли гузашта мебошад.

Қимати маводи дигар бо шиддати пасттар боло рафтаанд. Таваррум дар ин бахш ҳамагӣ 0,1% будааст, ки мутобиқи нишондоди соли гузашта мебошад. Дар бахши хадамот таваррум 0,5% шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад дар соли 2015 таваррумро дар мизони 7,5% ҳифз кунад.

Дар ҷамъбасти соли 2014 таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 7,4% буд ва нишондоди пасттарин дар соли 2013 — 3,7% сабт шуда буд.

Мавзуъ

Бонки миллӣ: таваррум дар Тоҷикистон ба 6,1 % баробар шуд
Барчаспҳо:
мизони таваррум, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ