Канада таҳримоти ҷадид алайҳи Русияро эълом кард

© Flickr \ ScazonПарчами Канада. Акс аз бойгонӣ
Парчами Канада. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири кишвар Стивен Харпер бо қарори худ вуруди 37 нафар аз Русия ва Украинаро мамнуъ карда нисбати 17 муъассиса таҳримотро эълом кард.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Канада ҷорӣ кардани таҳримот нисбати 37 шахси алоҳида ва 17 муаассисаи Русия ва Украинаро эълом кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сойти интернетии нахуствазири кишвар Стивен Харпер.

"Имрӯз нахуствазир Стивен Харпер баёнияе нашр кард, ки дар он нисбати манъи вуруди 37 нафар аз Русия ва Украина ва ҳамчунин таҳримоти иқтисодӣ нисбати 17 муассисаи русӣ ва украинӣ гуфта мешавад", — омадааст дар сойти нахуствазир.

Парчами Русия ва ИА - Sputnik Тоҷикистон
ИА таҳримот алайҳи Русия ва ҷудоихоҳон дар Донбассро тамдид кард

Тибқи ин баёния, таҳримоти ҷадид посухет ба аъмоли ҷудоихоҳон дар ҳафтаи ахир дар Украина аст.

Ба "феҳрасти сиёҳи" Канада аз Русия муъовини вазири дифоъ Анатолий Антонов ва мудири кулли ширкати "Ростех" Сергей Чемезов, мотосиклрони рус Александр Залдостанов, вакили порлумон Валерий Рашкин, овозхон ва вакил Иосиф Кобзон ва хабарнигор Дмитрий Киселев шомил шудаанд.

Ҳамчунин, ин феҳраст муовини раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Андрей Картаполов, контр-адмирал Валерий Куликов, генерал-майор Алексей Наумтс, контр-адмирал Александр Носатов ва генерал-лейтенант Игор Турченюкро дар бар гирифтааст.

Таҳримоти мушобеҳ алайҳи муъовини фармондеҳи ситоди ҷудоихоҳони ҶМД Эдуард Басурин, муъовини аввали раиси шӯрои Мардумии ҶМЛ Владислав Дейнего ва намояндагони дигари ҷумҳуриҳои худмухтор роҳандозӣ шудаанд.

Ба ғайр аз ин, ба феҳраст Гвардияи Миллии Казачя, баталони "Спарта" ва раҳбари он Арсений Павлов муллақаб бо "Моторола", баталони "Сомали" ва фармондеҳаш Михаил Толстих муллақаб бо "Гиви", баталони "Заря", бригадаи "Призрак", баталони "Оплот", баталони "Калмиус", баталони "Марг" шомил шудаанд. Таҳримот ҳамчунин нисбати фармондеҳи бахши "Русич" Алексей Милчаков муллақаб бо "Фритс", вазири дифоъи ҶМЛ Олег Бугров ва намояндаҳои дигари ҷудоихоҳон роҳнадозӣ шудаанд.

Ҳамакнун ба феҳрасти таҳримотии Канада ширкати давлатии нафтии "Роснефт" ворид шуда нисбати созмони ҷамъиятии "Новороссия" низ таҳримот роҳандозӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0