Қурби манати Озарбойҷон дар қиёс ба доллари ИМА 35% коҳиш ёфт

© Flickr \ byezdomnyПули миллии Озарбойҷон манат. Акс аз бойгонӣ
Пули миллии Озарбойҷон манат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниҳоди танзимгари пулии Озарбойҷон тасмим гирифт, ки қурби манат дар нисбати доллари ИМА сареъан пойин бубарад ва иқтисоддонҳо ин амрро дуруст арзёбӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Қурби пули миллии Озарбойҷон манат нисбати доллари ИМА ба якборагӣ 35% коҳиш ёфт. Бонки миллии кишвар ба далели танзими равандҳои иқтисодӣ чунин амрро рӯйи даст гирифтааст, омадааст дар хабари сойти Бонки миллии Озарбойҷон.

Тасмими сареъи боло бурдани қурби доллари ИМА нисбати пули миллии Озарбойҷон 21 феврал аз сӯйи шӯрои Бонки марказии ҷумҳурӣ гирифта шуд — қурби расмии табодули 1 доллари ИМА дар сатҳи 1,05 манат алорағми 0,78 манати рӯзи 20 феврал муқаррар шудааст.

"Ин тасмим ба манзури таъсиси заминаҳои танзими иқтисоди миллӣ, рақобатпазирии байналмиллалии вай ва таҳкими зарфияти содиротии он ва таъмини тавозуни пардохт гирифта шудааст", — омадааст дар хабар.

Коҳиши қурби манат дар пасманзари коҳиши қиммати нафт ва вазъи бӯҳронии иктисоди Русия, шарики аслии тиҷоратии кишвар сурат мегирад. Ин авомил ба пули миллӣ фишорҳои афзоянда доранд.

Таҳлилгари иқтисодии хабаргузории Trendи Озарбойҷон Асад Гасанлӣ зикр мекунад, ки чунин тасмимгириҳои Бонки миллии Озарбойҷон комилан дуруст аст, зеро кишвар ҳамчунон ба содироти нафт бастагӣ дорад — қисмати аслии воридоти будҷа аз ҳисоби фурӯши нафт ба даст меояд.

Мизони воридоти маблағ ба будҷа аз ҳисоби фурӯши нафт беш аз 65% аст. Бо дарназардошти ин нукта, ки дар соли 2015 маболиғи воридотии будҷа дар ҳаҷми 19,438 миллиард манат муқаррар шудааст, воридот маблағ аз ҳисоби фурӯши нафт дар ҳаҷми 12,6 миллиард манат пешбинӣ мешавад.

Бахши аслии содироти Озарбойҷон ба нафт тааллуқ дорад. Бо дараназардошти ин амр, ки фурӯши нафт бо доллар ва евро сурат мегирад, ҳамакнун Озарбойҷон аз табодули маболиғи суд аз фурӯши нафт ва воридоти он ба будҷа бурд мекунад.

"Ба ҳангоми таҳияи будҷа қиммати интизории нафт $90 муқаррар шуда буд. Ин амр то замони "бӯҳрони нафтӣ" буд, аз замони тасвиби тарҳи будҷа қиммати нафт пойин рафт. 20 феврал арзиши нафти навъи Azeri Light $63,42 барои як бучка муқаррар шудааст", — зикр кард вай.

Ба ин тартиб, коҳиши қурби манат тавлидоти колоҳои содиротиро такон бахшида рақобатпазирии онҳо дар бозорҳои ҷаҳониро афзоиш медиҳад. Ин амр бозгӯи аҳдофи давлат барои танзими равандҳои иқтисод мебошад.

Лентаи хабарҳо
0