"Ҷаҳиш"-и бесобиқаи қурби доллар дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевНуқтаи мубодилаи пул дар Душанбе 4 марти соли 2015
Нуқтаи мубодилаи пул дар Душанбе 4 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби доллар ҳамвора боло меравад ва камбуди он вазъро душвортар месозад. Бонки миллӣ изҳор дошт, ки ин мушкили мавсимӣ аст ва ба коҳиши интиқоли маболиғ аз Русия бастагӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон ба мизони таърихии 6 сомонӣ расида аз аввали сол ба 10,7% афзоиш ёфт, хабар медиҳад сойти Бонки миллии Тоҷикистон.

Қурби миёнаи фурӯши доллар дар Тоҷикистон 6,07 сомонӣ мебошад. Арзиши баландтарини фурӯши доллар дар Хуҷанд — 6,13 сомонӣ мушоҳида шудааст. Ба иттилои расида, дар Душанбе доллар — 6,06 сомонӣ, дар Қӯрғонтеппа — 6,07, дар Кӯлоб — 6,02 ва дар Хоруғ — 5,72 сомонӣ арзиш дорад.

Доллари ИМА ва арзи миллии ҶТ- сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад

Аз авоили соли ҷорӣ қиммати доллар 10,7% афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли соли 2014 қурби сомонӣ нисбати доллар танҳо 11,4% пойин рафта буд.

Дар пайи боло рафтани қурби доллар дар пойтахти Тоҷикистон дар канори бархе аз нуқтаҳои табодули пул, ки мизони арзонтари долларо пешниҳод мекунанд, таҷаммуъи сокинон мушоҳида мешавад. Вазъро камбуди доллар, ки ба гуфтаи БМТ мушкили мавсимӣ аст, душвортар месозад. Илали дигари ин мушкилро пойин рафтани мизони интиқоли маболиғ аз Русия унвон мекунанд.

Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: долларкунонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хатар дорад

Коршиносони СБП ва Бонки ҷаҳонӣ борҳо изҳор медоштанд, ки мизони долларкунонии иқтисоди Тоҷикистон боло аст ва ин амр ба бастагии кишвар ба як арз мунҷар мешавад. Ин амр ба болоравии арзиши хадамот ва маҳсулот дар Тоҷикистон дар баробари болоравии қурби доллари ИМА боъис шудааст.

Лентаи хабарҳо
0