02:23 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Орзуи беш аз 15 ҳазор сокинони шаҳрак дар арафаи ҷашни Наврӯз амалӣ шуд – онҳо ба оби обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дастарсӣ пайдо карданд. Ин иқдомро ширкати русиягӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ иҷро карданд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сокинони шаҳраки Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба оби тозаи ошомиданӣ, ки аз худи обанбори нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" меояд, дастрасӣ пайдо карданд. Маросими мавриди истифода қарор додани лӯлаи обрасон 18 март баргузор шуд.

Қаблан обрасонии аҳолии шаҳрак, ки теъдодашон 15 ҳазор нафар аст, тавассути пойгоҳи обкашӣ дар соҳили чапи рӯдхонаи Вахш сурат мегирифт. Вале дар моҳи августи соли 2013 ин пойгоҳ ба далели шуста шудани соҳил аз обҳои партови нерӯгоҳ барчида шуд. Дар натиҷа сокинони шаҳрак бидуни оби ошомиданӣ монданд.

"То ҳол мо водор будем обро аз рӯдхона биёрем ва ё оби боронро ҷамъоварӣ кунем, акнун имкон пайдо шуд, ки дар ҳар як ҳавлӣ лӯлаи об гузаронида шавад, ин орзуи деринаи сокинони шаҳрак буд", — гуфт сокини маҳаллӣ Намоз Яқубов.

Феълан лӯлаи обрасон аз обанбор то шаҳрак кашида шудааст ва мақомоти ноҳияи Данғара дар сададанд то авохири сол ҳар як ҳавлиро ба ин лӯла пайваст кунанд.

Садди ин лӯлаи обрасонро сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва мудири кулли нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" Павел Лавров боз карданд. Шиддати об мунтақил ва ин амр оғози ҷашни мардум шуд.

"Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" барои таҳияи тарҳи ин иқдом, бозсозии обрасонии шаҳрак, аз ҷумла бо ироъаи лӯлаҳои бузург ва маводди дигар, васоили фаннии сохтмонӣ, ҷалби мутахассисони нерӯгоҳ дар таҳияи тарҳ ва насби лӯлаҳо мусоъидат кард. Дар ин кор сокинони шаҳрак низ фаъол буданд", — зикр кард Лавров дар маросим.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар маросим аз сокинони шаҳрак барои таҷлили ҷашн ва хушҳолӣ барои мавриди истифода қарор додани лӯлаи обрасон сипос кард.

"Мушорикати сокинон дар ин маросим далели он аст, ки ин ҳодиса то ба куҷо барои шаҳрак аҳамият дорад. Тарҳҳои беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ бо дарназардошти анҷоми даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт", ки аз соли 2005 то соли 2015 бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат мегирифту аз сӯйи СММ пуштибонӣ шуд", — зикр кард сафир.

Дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 гуфтанд, ки ба ҷуз аз фаъолияти аслии худ барои таъмини амнияти энержии Тоҷикистон, ширкат ҳамчунин тарҳҳои башардӯстона низ анҷом медиҳад, ки ҳалли масоили иҷтимоии манотиқи аҳолинишини атрофи нерӯгоҳро ҳадаф дорад.

"Сангтӯда-1" соли 2009 мавриди истифодаи комил қарор гирифт. Феълан ин нерӯгоҳ 12% тавлидоти кулли нерӯи барқи кишварро таъмин мекунад. Нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ тавассути хатти интиқоли барқи "Сангтӯда-Пули-Хумри" дар фасли тобистон умдатан ба Афғонистон содир мешавад.

Мавзуъ

Тоҷикистон бори дигар қавл дод, ки қарзҳои "Сангтӯда-1"-ро медиҳад
Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" бештар аз 454 миллион сомонӣ шуд
Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" 2 млн. доллар афзоиш ёфт
Барчаспҳо:
пойгоҳҳои обкашӣ, обрасонӣ, обрасонии шаҳраки Данғара, "Сангтӯда-1", Павел Лавров, Намоз Яқубов, Игор Лякин-Фролов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ