17:03 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Намои умумии шаҳри Ал-Кувайт. Акс аз бойгонӣ

Кувайт ба сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад

© Sputnik / А. Игнатов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак байни Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, нишасти дуввуми он дар нимсолаи равон дар Кувайт сурат хощад пазируфт.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Муовини аввали вазири молияи Кувайт Халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии Кувайтиро иброз намуд, хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ ҶТ.

Бино ба навиштаи манбаъ, рӯзи душанбе мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири молия ва раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Халифа Мусоид ал-Ҳамода баргузор гардид.

Аснои нишаст ҷонибҳо оид ба ҳолат ва рушди ҳакориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт табодул назар карданд. Халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Кувайтиро иброз намуд.  

Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак байни Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Интизор меравад, ки ҷаласаи дуюми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар давлати Кувайт гузаронида мешавад.

 

Барчаспҳо:
ҷаласаи муштарак, сармоягузории Кувайт, ҳамкории ду кишвар, Комиссияи муштараки Тоҷикистону Кувайт, Халифа Мусоид ал-Ҳамода, Зубайдулло Зубайдов, Тоҷикистон, Кувайт

Мавзӯъҳои асосӣ