Тоҷикистон аз ИА ба маблағи 180 миллион евро кӯмакҳо гирифтааст

© Sputnik / Андрей СтенинХалтаи орд. Акс аз бойгонӣ
Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарҳҳое, ки аз сӯйи ЕСHO сармоягузорӣ мешаванд, барои коҳиши мизони хатарот аз офоти табиӣ ва ҷилавгирӣ аз онҳо дар Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон равона шудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1992 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 220 миллион евро кӯмак кардааст, ки аз ин маблағ 180 миллион ба Тоҷикистон ихтисос шудааст, омадааст дар гузориши "Шарикони рушди соли 2014", ки дар сомонаи Кумитаи амволи ҶТ мунташир шудааст.

Мудирияти кулли Комиссияи аврупоӣ дар умури кӯмакҳои изтирорӣ ва мудофиъаи шаҳрвандӣ (ECHO) дар тӯли беш аз 20 сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи 220 миллион евро кӯмакҳои мухталиф кардааст. Ҳудуди 80% ин кӯмакҳо ба Тоҷикистон рабт доштааст.

Дар гузорише, ки дар сомонаи Комитети амволи давлатии ҶТ мунташир шудааст, зикр мешавад, ки аз соли 2003 таваҷҷӯҳи ECHO ба коҳиши мизони хатарот аз офоти табиъйӣ тибқи барномаи ироъаи кӯмакҳо дар ҳолати изтирорӣ (DIPECHO) муттамаркиз шудааст.

Аз соли 2003 ЕСНО беш аз 90 тарҳро тавассути ҳафт марҳилаи DIPECHO дар Осиёи Марказӣ бо ҳазинаи умумии ҳудуди 35 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. Дар чорчӯби марҳилаи ниҳоии ҳафтум DIPECHO дар муддати солҳои 2012 ва 201, ЕСНО сармоягузории 11 тарҳеро анҷом додааст, ки аз сӯйи созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмиллалӣ ва ниҳодҳои СММ иҷро мешаванд.

Ин тарҳҳо коҳиши мизони хатарот ва омодаӣ барои ҷилавгирӣ аз офоти табиъйӣ дар Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро ҳадаф доранд.

"Маблағи умуми сармоягузории марҳилаи ҳафтуми DIPECHO аз 5 миллион евро иборат аст, ки аз ин маблағ 2,5 миллион евро дар Тоҷикистон истифода шуда ва ин кишвар бузургтарин истифодакунандаи маболиғи DIPECHO дар минтақа маҳсуб меёбад", — омадааст дар гузориш.

Феълан марҳилаи ҳаштуми DIPECHO барои солҳои 2014-2015 роҳандозӣ шуда иҷрои тарҳҳо соли 2014 оғоз шудаанд. Ҳазинаи умумӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қавқоз 8 миллион евро муқаррар шудааст.

Тибқи иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, дар соли 2014 ба ин кишвар кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи $57,8 миллион аз сӯйи 42 кишвари дуру наздик ироъа шудааст. Ба кишвар умдатан орд, равған ва маводди дигари ниёзи аввалия ворид шудаанд.

Аз миёни кишварҳои кӯмакрасон аз лиҳози маблағи кӯмакҳои башардӯстона аз ИМА —56,5%, Голландия — 9,4%, Чин — 5,8% ироъа шудаанд. Аз кишварҳои ИДМ: Русия — 7,8%, Қазоқистон — 1,5% ва дигарон кӯмак кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0