09:56 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон аз ширкатҳои оффшорӣ андоз меситонанд

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳои оффшориро муваззаф кардааст, ки 12% даромади худро андоз супоранд. Ба ин тартиб ҳукумат ширкатҳои оффшориро зери назорат мегирад.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ширкатҳои оффшорие, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд ва ё соҳиби саҳмияи ширкатҳои тоҷикӣ ҳастанд, аз ҳисоби даромади худ андоз хоҳанд супорид, тағйироти мазкур ба Кодекси андоз ворид шудааст, менависад сомонаи Кумитаи андози Тоҷикистон.

Мафҳуми "минтақаи оффшорӣ" ба банди 54 уми моддаи 17-и Кодекси андоз аз 1 апрели соли 2015 шомил шудааст, то ин замон категорияи зерини андозсупорандагон зери мафҳуми умумии "ширкати хориҷӣ, ғайри резидентӣ" ҳисобу китоб мешуданд.

"Бо мақсади пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ нисбати ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар ширкатҳои ватанӣ ҳисса доранд ва (ё) бо ширкатҳои ватанӣ ҳамкорӣ менамоянд, дар Кодекси андоз маҳдудкуниҳои андозӣ пешбинӣ карда шуд", — омадааст дар сомона.

Ҳамчунин дар ин хабар зикр шудааст, ки барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории тероризм (Бонки миллии Тоҷикистон) муайян менамояд.

"Дар робита ба ин ширкатҳои оффшорие, ки қаблан аз рафти фаъолияти худ ҳисобот намедоданд, ҳамакнун дар қатори дигар ширкатҳо дар бораи фаъолият ва гардиши ҳазинаи худ ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ҳисобот месупоранд", — омадааст дар сомонаи Кумитаи андоз.

Ширкатҳои оффшорӣ, ки қаблан андоз намесупоридан, танҳо ба ин далел буд, ки мафҳуми "минтақаи оффшорӣ" дар қонунгузории Тоҷикистон ҷой надошт.

Барчаспҳо:
минтақаи оффшорӣ, даромад, саҳмия, андозситонӣ, Кодекси андоз, ҳисса, тағйирот, ҳисобот, фаъолият, иловаҳо, 12, ширкатҳои оффшорӣ, андозбандӣ, Кумитаи андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ