23:44 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

БМТ рушди андаки иқтисод дар оғози соли 2015-ро зикр кард

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Танзимгари миллии молӣ далоили кундии рушди иктисоди Тоҷикистон дар оғози соли 2015-ро ба вазъи мушобеҳ, ки аз тирамоҳи соли 2014 дар кишварҳои шарикони тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон идома дорад, рабт медиҳад.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар се моҳи аввали соли 2015 тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 8,3 миллиард сомонӣ шудааст, ки 5,3% рушд дошта, вале дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли 2014 1,3% камтар мебошад, омадааст дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

"Далоили коҳиши мизони рушди тавлидоти нохолиси миллӣ ба он марбут аст, ки дар кишварҳои шарикони аслии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон — Русия, Қазоқистон ва ғайра, раванди коҳиши мизони рушд идома дорад. Ҳамчунин коҳиши мизони талабот ба бархе аз маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ низ асар гузоштааст", — омадааст дар хабари БМТ.

Бо вуҷуди ин, дар бонки марказӣ оморе ироъа мекунанд, ки дар бархе аз арсаҳо коҳиш мушоҳида нашудааст, ба унвони мисол, тавлидоти саноъатӣ 16,7%, тиҷорат 10,7, тавлидоти кишоварзӣ 5,3% ва тавлидоти масолеҳи сохтмонӣ 0,9% рушд кардааст.

Таваррум дар моҳҳои январ-март 1,5% шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,9% камтар мебошад.

"Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ коҳиши масрафи дохилӣ ва коҳиши даромадҳои мардум рух медиҳанд, ки боъиси коҳиши мизони тавварум дар кишвар мешавад", — тавзеъ доданд дар БМТ.

Мизони тавваруми зикршуда умдатан дар пайи болоравии арзиши ғизо ба 2,1%, маҳсулоти саноъатӣ 0,4% ва хадамот 1,9% таҳия шудааст.

Барчаспҳо:
коҳиши рушди иқтисод, БМТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ