IFC: беш аз 40% тоҷикистониён аз маболиғашон сареъ истифода намекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевПули сомонӣ
Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи пажӯҳиши Созмони байналмиллалии молӣ IFC беш аз 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз хадамоти молӣ, назири пасандозҳо, қарзҳо ва ҳисобҳои бонкӣ ба таври муассир истифода намекунанд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба далели камбуди дониш дар арсаи молиёт беш аз 40% аҳолии Тоҷикистон куллияи дороиҳои худро масраф карда бо қарзҳо худро пойбанд мекунанд, зикр мешавад дар пажӯҳиши Созмони байналмиллалии молӣ IFC, ки дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ мунташир шудааст.

Пажӯҳише, ки ахиран IFC анҷом додааст, нишон медиҳад, ки беш аз ду аз се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон ба таври муассир аз хадамоти молӣ, назири пасандозҳо, қарзҳо ва ҳисобҳои бонкӣ истифода намекунанд. 90% шаҳрвандон дар бораи бунгоҳи қарздиҳиву иттилоъотӣ маълумот надоранд ва ҳудуди нимаи пурсидашудагон пул захира намекунанд.

"Ин амр ба қарздор шудани онҳо ва мизони баланди бозпас надодани қарзҳо мунҷар шуда ва ҳамчунин ба вазъи иқтисодии хонаводаҳо асароти номатлуб мегузорад, аз ҷумла ба харидории маскани ҷадид ва ё сармоягузорӣ ба таҳсилоти фарзандон сабаб мешавад", — омадааст дар хабар.

Ин амр муҷиб шудааст, ки IFC ва Барномаи Фарогири Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар умури молия ва бозорҳо барномаеро таҳия карданд, ки омӯзиши муштариёни тоҷикистонӣ ба истифодаи муассири қарзҳо, танзими дороиҳо ва нақшагирии молиро ҳадаф дорад.

Муаллифони пажӯҳиш зикр мекунанд, ки тақрибан куллияи пурсидашудагон мехостанд, ки зимни тасмимгирии молӣ барояшон кӯмакҳое ироа шаванд.

Муъовини мудири дафтари Швейтсариягӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Натали Барбанчо, ки ин иқдомро сармоягузорӣ мекунад, муътақид аст, ки бо донишҳои молӣ қарзгирандагон метавонанд аз қарзҳои бузург худро эмин нигаҳ доранд ва нафароне, ки дар гузашта ҳаргиз аз хадамоти бонкӣ истифода накардаанд, ба он алоқаманд мешаванд.

"Ин амр ҳамчунин кӯмак мекунад, ки муштариёни бонкҳо афзоиш ёфта кайфияти қарзҳо беҳбуд ёбанд", — зикр кард вай.

Маводди омӯзишӣ ба масоили хонадорӣ, танзими маболиғи шахсӣ муттамарказ шуда машваратҳое дар бораи қарзгирии бамавқеъ, ҷилавгирӣ аз қарздории зиёд, таҳияи пасандозҳо, истифодаи муассир аз интиқолҳои пулиро дорад ва ҳамчунин авлавияти таърихи қарзгириро тавзеъ медиҳад. Ин барнома дар куллияи кишвар якҷо бо шарикони маҳаллӣ тавассути бонкҳо ва созмонҳои кӯчаки қарздиҳӣ, шабакаҳои маҳаллии радио ва телевизион ва дар фурудгоҳҳо иҷро мешавад.

Наҳваи дурусти истифода аз пасандозҳоро дар инфографикаи "Спутник" бубинед

© ИнфографикаКак хранить сбережения. Инфографика
Как хранить сбережения. Инфографика - Sputnik Тоҷикистон
Как хранить сбережения. Инфографика
Лентаи хабарҳо
0