06:19 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Долларҳои ИМА

Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро андаке “пойин” бурд

© Flickr / bark
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Эҳтимол дорад, ки БМТ бо боло бурдани қурби бозорӣ ҳадаф дорад тавозуни миёни қурби бозорӣ ва расмиро дар ҳудуди 10%, ки тибқи муқаррароти қавонини кишвар аст, ҳифз кунад.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қурби бозории арзи амрикоӣ дар Тоҷикистон баъд "яхбандӣ"-и ҳудуди якмоҳа ба 0,3% рӯзи сешанбеи 14 апрел боло бурда шуд, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин ҳафта аз он шурӯъ шуд, ки БМТ андаке қурби бозории долларро "пойин" овард ба ӯ имкон дод, ки арзишаш 0,3% боло биравад. Аз авосити моҳи март қурби бозории доллар аз сӯйи танзимгари молӣ ба сурати сангин назорат мешуд ва фурӯши арз тавассути нукоти мубодилаи хусусии асъор маҳдуд шуда буд. Тибқи тавзеъи ин ниҳод, қурби бозории доллар, ки аз авоили соли ҷорӣ боло мерафт (беш аз 14%) ба аҳолии кишвар таъсири равонӣ гузошт, ки боиси талаботи зиёд ва боло рафтани арзиши он шуд.

Қурби доллар рӯзи душанбе 6,29 сомонӣ буд ва ин арзиш тӯли ҳудуди як моҳи ахир собит монда буд, вале рӯзи сешанбе аллакай нархи вай то ба 6,33 сомонӣ барои як доллар боло рафт.

Ин дар ҳолест, ки қурби расмии доллар дар муқоиса бо қурби бозорӣ дар тӯли моҳҳои марту апрел раванди болоравӣ дошт. Ба унвони мисол, 13 март, замоне, ки раҳбарияти БМТ эълом карданд, ки фурӯши мустақими доллар ба аҳолӣ тавассути нуқтаҳои хусуси табодули арзро қатъ карда танҳо тавассути бонкҳо ин амрро роҳандозӣ мекунад, қурби расмии доллар, ки аз сӯйи БМТ муқаррар шуда буд, муодили 5,52 сомонӣ ва арзиши бозории он 6,42 сомонӣ шуд.

Дар рӯзҳои баъдӣ қурби расмӣ ҳамарӯза ба сурати муттавасит ба 0,5 дирам боло рафта, қурби бозории он дар сатҳи на баландтар аз 6,30 муқаррар шуд ва он то 13 апрел ҳифз шуд.

Дар авохири моҳи март қурби расмӣ ба самти болоравӣ танзим мешуд ва дар сатҳи 5,80 сомонӣ таъйин шуд. Ба 6 сомонӣ расидани арзиши долларро Бонки миллӣ расман танҳо 11 апрел иҷоза дод.

Имрӯз, 15 апрел қурби расмии доллар нисбати сомонӣ дар сатҳи 6,03 муқаррар шудааст.

Қаблан дар Бонки миллӣ тавзеъ дода буданд, ки чунин назорати сангини қурб имкон медиҳад, ки шиддати фишори таваррумро нармтар созад, зеро Тоҷикистон аз кишварҳое маҳсуб мешавад, ки мизони долларкунонии иқтисодаш баланд мебошад. Қурби доллар сареъан ба арзишҳо дар бозори яклухт ва чакана дар дохили кишвар таъсир мегузорад, зеро бахши умдаи маҳсулоти дар фурӯш буда воридотӣ буда бар ивази доллар харидорӣ мешавад.

Дар муқоиса бо доллари ИМА дар ин рӯзҳо арзиши рубли русӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт ва имрӯз қиммати он 1,25 сомонӣ барои 10 рубли русӣ аст, ҳарчанд дар авоили моҳ ва бо қиммати 1,02 сомонӣ ба фурӯш мерафт. Евро ҳамагӣ ба 0,7% гаронтар шуда феълан арзиши он ба сурати муттавасит 6,68 сомонӣ мебошад.

Мавзуъ

Қурби доллар дар ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 2% коҳиш ёфт
"Ҷаҳиш"-и бесобиқаи қурби доллар дар Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад
Сайёҳон ба Тоҷикистон 106 миллион доллар ворид кардаанд
Барчаспҳо:
коҳиши қурби доллар, арзиши асъор, пойин рафтани қурби доллар, БМТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ