02:55 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Коҳиши мизони воридоти орд ва гандум, ки дар феҳрасти молҳои аввалияи ниёзи мардум қарор доранд, ба афзоиши арзиши онҳо дар кишвар, қабл аз ҳама дар шимоли ҷумҳурӣ мунҷар шуд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Воридоти гандум ва орд коҳиш меёбанд ва арзиши ин маҳсулот дубора баланд мешаванд, хабар медиҳад гузориши "Бозрасӣ ва огаҳсозии сареъ дар Тоҷикистон" барои моҳи апрели соли 2015, ки аз сӯйи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ таҳия шудааст.

Гандум ва орд дар феҳрасти маҳсулотҳои воридотии ғизоӣ ҷойгоҳи вижа доранд.

Тибқи иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 108,8 ҳазор тонна гандум бо арзиши муттавасити $290 барои як тонна ва 21,9 ҳазор тонна орд бо нархи муттавасити $409 барои як тонна ворид шудааст. Дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум 10,6% ва орд 40,5% коҳиш ёфтааст.

Хабар дода мешавад, ки дар моҳи март дар муқоъиса бо моҳи феврал болоравии арзиши орд дар бозорҳои кишвар мушоҳида мешавад. Дар оғози моҳи апрел дар бозорҳои Душанбе нархи як халтаи орди навъи якуми истеҳсоли маҳаллӣ (50 кг) 160 сомонӣ буд (дар моҳи феврал 155,50) ва орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 167 сомонӣ шуд (дар моҳи феврал 163,50).

Нархҳои содиротии орд дар Қазоқистон, бузургтарин содиркунандаи минтақавии гандум, дар давраи аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи феврали соли 2015 собит буданд, вале дар муқоиса бо омори соли 2013 ва панҷсолаи муттавасит 20% бештар буданд.

"Вазорати кишоварзии Қазоқистон захойири миллии гандумро ҳудуди 7 миллион тонна арзёбӣ карданд. То ҳол ин захойир барои қонеъ сохтани ниёзи минтақа кофӣ буданд, ҳарчанд бо арзиши андаки бештар", — зикр шудааст дар бозрасӣ.

Дар Тоҷикистон арзиши орд дар тӯли нимсолаи дуввуми соли гузашта ба далели ҳосили андаки гандуми маҳаллӣ, ки пойинтар аз мизони ҳосили солҳои гузашта буд, батадриҷ боло мерафтанд.

Муаллифони гузориш тавзеъ медиҳанд, ки асароти пойин рафтани қурби пули сомонӣ (12% аз моҳи феврали соли 2014) ба болоравии арзиши ғизо ва маводди сӯхти хориҷӣ таъсир расонидааст.

Арзиши гандум аз омори соли 2014 ва нархи муттавасити панҷсолаи ахир дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза бештар аст. Ҷаҳиши сареъ дар вилояти Суғд мушоҳида мешавад. Дар он ҷо қиммати орд дар муқоиса бо соли гузашта 26% баландтар аст ва нисбати панҷсолаи ахир 33% бештар шудааст.

Кишти тирамоҳии гандум коҳиш ёфта ва ба аввали моҳи апрел дар 187 ҳазору 426 гектар анҷом шудааст, ки аз нақша 9% бештар аст, вале дар муқоъиса бо соли гузашта 11 ҳазор гектар камтар мебошад.

Кишти баҳории гандум дар масоҳати 106 ҳазору 280 гектар пешбинӣ шудааст ва то авоили моҳи апрел танҳо дар 69 ҳазору 62 гектар кишт анҷом шудаааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазор гектар бештар мебошад.

Барчаспҳо:
пойинравии воридоти гандум ва орд, вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ