09:15 29 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Дар дидори намояндагони вазорати молияи Тоҷикистон бо ҳайъати Сандуқи зидди бӯҳронии Бонки Авруосиёгии рушд дар Душанбе масоили эъзоми маболиғ ба арсаи нақлиёт ва иртиботот ва ҳамчунин барои пуштибонӣ аз будҷа матраҳ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Таъсири манфии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиёд аст ва ин амр ниёзи кишвар ба кӯмакҳои молии билоъиваз бар ҷойи қарзҳоро бештар мекунад, омадааст дар хабари вазорати молияи Тоҷикистон.

Мавзӯъи зарурати афзоиши кӯмакҳои билоъиваз бар ҷойи қарзҳо ба Тоҷикистонро муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар дидор бо ҳайъати Сандуқи зидди бӯҳронии Бонки Авруосиёгии рушд дар Душанбе матраҳ кардааст.

"Таваҷҷӯҳи вижа ба арсаи энержии кишвар ва ҳамчунин ба масоили шароити баррасӣ ва сармоягузории тарҳҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби маболиғи Сандуқи зидди бӯҳронии Бонки Авруосиёгӣ равона гардид", — зикр мешавад дар хабар.

Масоили равона кардани маболиғ ба арсаи нақлиёт ва иртиботот ва ҳамчунин барои пуштибонӣ аз будҷа баррасӣ шуданд. Иҷрои чунин тарҳҳо ва барномаҳо дар оянда ба тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар минтақа мусоъидат мекунанд.

Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2010 дар замони баъд аз бӯҳронӣ аз Сандуқи зидди бӯҳронии Бонки Авруосиёгӣ ба маблағи $70 миллион барои кӯмак ба сармоягузории будҷавӣ дар сармоягузории бахшҳои иҷтимоӣ дар дастрасии сокинон, бавижа камбизоъатон, ба маъориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарз гирифта буд.

Дар гузориши Сандуқи зидди бӯҳронӣ зикр мешавад, ки зарфияти молии давлати Тоҷикистон ҳамчунон андак аст. Ин амрро шарикони рушди кишвар (созмонҳои молии кӯчак, созмонҳои дуҷонибаи кӯмак ба рушд) ба инобат гирифта ба Тоҷикистон кӯмакҳо ба будҷа ва қарҳзои сармоягузориро танҳо ба наҳваи кӯмакҳои билоъиваз ва ё қарзҳо бо суди андак пешниҳод мекунанд. Қарзи дар соли 2010 ихтисосёфта ҳам интизор мерафт ба тақвияти зарфиятҳои молӣ ва кӯмаки чашмраси зиддибӯҳронӣ шавад.

Сандуқи зидди бӯҳронии Бонки Авруосиё дар ҳаҷми $8,513 миллиард аз сӯйи ҳукуматҳои шаш кишвар — Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис шудааст. Аҳдофи аслии ин сандуқ мусоъидат ба кишварҳои узв дар рафъи авоқиби бӯҳрони ҷаҳонӣ, таъмини субботи иқтисоди онҳо ва мусоъидат ба равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақа аст.

Дар моҳи июни соли 2009 кишварҳои узви Сандуқи зидди бӯҳронӣ ба Бонки Авруосиёгӣ салоҳияти мудирияти ин сандуқро вогузор кард.

Барчаспҳо:
дидор бари ҳалли масоили ҳамкорӣ, Сандуқи зидди бӯҳронӣ, БАОР, Ҷамолиддин Нуралиев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ