СБР барои CASA-1000 ба Тоҷикистон $45 миллион ихтисос дод

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкХутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ
Хутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Туркия асноди аслӣ барои тарҳи CASA-1000 имзо шуданд. Иҷрои ин тарҳ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон нерӯи барқи изофӣ дар фасли тобистонро содир кунад.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Созмони байналмиллалии рушд (СБР), ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст, ба ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи CASA-1000 маблағи $45 миллион ихтисос дод, хабар медиҳад сомонаи Dialog.tj

Имзои қарордоди кӯмаки молӣ ва асноди аслӣ дар чаҳорчӯби тарҳи CASA-1000 ҳафтаи гузашта дар Стамбул дар пайи анҷоми нишасти Шӯрои байниҳукуматии тарҳи CASA-1000 баргузор шуд.

Хабар дода мешавад, ки миёни асноди имзошуда созишномаи кулл ва қарордод дар бораи харидории нерӯи барқ ҳастанд.
Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири энержӣ ва захойири оби Усмоналӣ Усмонзода, вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Раҳматзода намояндагӣ карданд.

Тоҷикистон ва СБР ҷузъҳои тиҷоратӣ, фаннӣ ва ҳуқуқии ин тарҳро комилан ҳамоҳанг карданд.

Низоми ҷадиди хутути интиқоли нерӯи барқ, ки чаҳор кишварро ба ҳам муттасил мекунаду номи CASA-1000-ро гирифтааст, имкон медиҳад захойири нерӯи барқи аз лиҳози зистмуҳитӣ тоза дар кишварҳои Осиёи Марказиро судманд истифода карда интиқол ва фурӯши он ба кишварҳои ба нерӯи барқ ниёзманди Осиёи Ҷанубӣ фароҳам мекунад.

Ба ҷуз аз ин, тарҳи CASA-1000 талоши кишварҳо барои танзими дастрасӣ ба нерӯи барқ, ҳамгиройӣ ва тавсеъаи бозорҳо ба манзури рушди тиҷорат мусоъидат карда ҳамзамон барои пайдо кардани ҳалли навҳаи босубот дар заминаи танзими захойири об кӯмак мекунад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари Осиёи Марказист, ки аз захойири бузургтарини нерӯи барқ аз лиҳози зистмуҳитӣ дар ҷаҳон бархурдор аст. Ҳар ду кишвар дар фасли тобистон аз нерӯи барқи изофӣ бархурдоранд. Дар ҳамсоягӣ, дар Осиёи Ҷанубӣ, Афғонистон ва Покистон воқеъ мебошанд, ки аз камбуди нерӯи барқ азият кашида талош доранд масрафи афзояндаи худро қонеъ созанд.

Лентаи хабарҳо
0