12:36 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Банки санъатӣ ва тиҷоратии Чин  (ICBC). Акс аз бойгонӣ

Банкҳои чинӣ дар сархати феҳрасти бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон

© wikipedia.org/RudolfSimon
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ширкатҳо аз 61 кишвар вориди феҳрасти дувоздаҳуми ҷаҳонии Forbes шудаанд. Ширкати русии “Газпром”, ки арзишаш $62,5 миллиард арзёбӣ мешавад, дар миёни ду ҳазор ширкати ҷаҳон ҷойгоҳи 27 касб кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Банки тиҷоратӣ ва санъатии Чин (ICBC) дар феҳрасти ҳамасолаи ҷаҳонии Forbes дар ҷойи аввал қарор гирифтааст ва ба ин феҳраст 2000 ширкат ба хотири ироъаи иттилоъ дар бораи суд, дороиҳо ва арзиши бозориаш ворид шудаанд, хабар медиҳад сомонаи Forbes.

Ба феҳрасти дувоздаҳуми ҷаҳонии Forbes 2000 ширкат аз 61 кишвари ҷаҳон шомил шудаанд, ки суди маҷмуъи онҳо $39 триллион, фоида $3 триллион, дороиҳояшон ба маблағи $162 триллион ва маблағи арзиши умумии бозори онҳо $48 триллион мебошад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар тӯли солҳои 2014-2015 арзиши бозории ин ширкатҳо солиёна 9% афзоиш ёфтааст.

Барои бори нахуст дар таърихи ин феҳраст, чаҳор ҷойгоҳи аввалро банкҳои бузурги Чин касб кардаанд. Дар ин феҳраст тӯли се соли ахир Банки тиҷоративу санъатии Чин (ICBC) мавқеъи аввалро ишғол мекунад. Суди солонааш $44,8 миллиард буда, арзиши бозориаш бештар аз $278 миллиард мебошад.

Дар ҷойгоҳи дуввум Agricultural Bank of China бо арзиши бозории $212,9 миллиард қарор гирифтааст. China Construction Bank Corp сегонаи аввалро анҷом мебахшад. Арзиши бозории он ба $189,9 миллиард расидааст. Bank of China дар тӯли сол тавонист JP Morgan Chase Ню-йоркро аз мавқеъи чаҳорум берун кунад.

Мавқеъи панҷум дар ин феҳрастро Berkshire Hathaway тавонистааст ҳифз кунад, ки Уоррен Баффетро бузургтарин ширкати ИМА дар соли ҷорӣ мекунад. Зикр мешавад, ки ИМА ва Чин дар шароити феълии бӯҳронӣ пешсафи тиҷорати ҷаҳонӣ мебошанд. Ин ду кишвар тӯли ду соли ахир дорои бузургтарин банкҳои ҷаҳон мебошанд.

Дар мавқеъи 11 феҳраст ширкати ҷопонии "Toyota Motor Corp" қарор гирифтааст. Дар пайи ширкати бузургти мошинсозии ҷопонӣ ширкатҳои "Apple", Royal Dutch Shell Plc. ва Volkswagen AG мавқеъ гирифтаанд.

Дар феҳрасти бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон "Газпроми" Русия, ки арзиши бозориаш $62,5 миллиард мебошад, ҷойи 27-умро гирифтааст.

Панҷ ҷойи ахири феҳрастро ширкатҳои русии истихроҷи алмос "ALROSA" (ҷойи 1995), ширкати Barwa Real Estate Қатар (ҷойи 1996), банки ҷопонии Yamanashi Chuo Bank (ҷойи 1997), сипас TransDigm Group (ИМА) ва ширкати WEG (Бразилия) қарор доранд. Дар ҷойгоҳи ахирин якбора ду ширкат қарор доранд. Ин ширкати амрикоии Hasbro ва ҷопонии J. Front Retailing мебошанд. Арзиши бозории ин ширкатҳо мутаносибан $8 миллиард ва $4,3 миллиард мебошад.

Барчаспҳо:
интишори феҳрасти бузургтарин кишварҳо, Forbes, Чин, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ