05:27 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Муовинони раисони БМТ ва Амонатбонк маълум шуданд

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Бо қарору фармонҳои ҳукумати Тоҷикистон муовинони раиси Бонки миллӣ ва раиси “Амонатбонк” бо муовинонаш таъйин шуданд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Муовинони раиси Бонки миллӣ ва раиси "Амонатбонк" бо муовинонаш бо судури чанд фармону қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон 13 май таъйин шуданд, менависад сомонаи президент.

Бо фармони президент, Сироҷиддин Икромов ва Умед Латифов муовинони нави раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд. Икромов, то ин замон дар курсии муовини раиси "Амонатбонк" менишаст, навиштааст сомона.

Бо фармони дигари президент Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст. Инчунин Ҳакимзода Руҳулло Абдуғанӣ раиси Раёсати Бонки давлатии "Амонатбонк" таъин шудааст.

Бо қарорҳои дигари ҳукумат, Бахтиёр Маҳмудов ва Исломиддин Раҳмонов, муовини раиси "Амонатбонк" таъин шуда, Абдуманнон Саидов аз мақоми муовинӣ дар ин ниҳод озод ва муовини якуми раиси "Амонатбонк" шудааст.

Аввалҳои моҳи май Эмомалӣ Раҳмон Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллӣ ва ҳамаи муовинони ӯро аз вазифа барканор намуда, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси "Амонатбонк"-ро раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияро муовини аввали ӯ таъин кард.

Барчаспҳо:
кадрҳо, ҷобаҷокунӣ, асъор, қурб, пули миллӣ, таъйин, Абдуҷаббор Ширинов, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, "Амонатбонк", Бонки миллӣ, Лола Салимова, Умед Латифов, Сироҷиддин Икромов, Исломиддин Раҳмонов, Бахтиёр Маҳмудов, Ҷамолиддин Нуралиев, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ