17:26 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Коршиносони оҷонсии олмонӣ ҳушдор медиҳанд, ки иқдомоти мақомот дар бозори асъори нақдӣ хатарнок буда онро водор мекунад, ки пинҳонӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Иқдомоти мамнӯъкунанда ва ғайримунтазираи БМТ ва таҳдидҳои додситонӣ метавонанд дар асл ба таъсиси бозори пинҳонии арз такон бидиҳанд, мутмаъинанд муаллифони гузориши "Баррасиии вазъи иқтисодии Тоҷикистон", ки аз сӯйи Оҷонси рушди Олмон (GIZ) таҳия шудааст.

Наҳваи талоши Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои танзими бозори арз ба натиҷаи баръакс метавонад мунҷар шуда, боиси таъсиси бозори "сиёҳ" дар муомилоти арзӣ мунҷар шавад, изҳор доранд муаллифони гузориши ҳармоҳа.

"Бо вуҷуди мудохилаи маъмурии Бонки миллии Тоҷикистон ба бозори арз дар моҳи апрели соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллар 7% коҳиш ёфт", — зикр мешавад дар гузориш.

БМТ фаъолияти нуқтаҳои хусусии табодули арзро аз 17 апрели соли 2015 мамнӯъ сохт. Нуқоти табодули арзи ниҳодҳои бонкӣ фаъолияти худро идома доданд. Аз 1581 нуқтаи табодули арз дар як шабонарӯз фаъолияти 818 нуқта қатъ карда шуд.

Дар нимаи дуввуми моҳи май бархе аз нуқтаҳои фаъолияташон масдудшуда асноди худро иваз карда моли бонкҳо шуданд ва фаъолияти худро аз сар гирифтанд. БМТ изҳор дошт, ки ҳадафи ин амр танзими бозори арз ва қурби ивази сомонӣ буд.

Додситонии кулли кишвар ба назорат, ошкорсозӣ ва боздошти афроде пардохт, ки тиҷорати худро бо доллари ИМА анҷом медиҳанд.

Мавзуъ

Сокини пойтахт барои фурӯши мебел ба доллар боздошт шуд
Қурби доллар дар ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 2% коҳиш ёфт
"Ҷаҳиш"-и бесобиқаи қурби доллар дар Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад
Сайёҳон ба Тоҷикистон 106 миллион доллар ворид кардаанд
Барчаспҳо:
бозори сиёҳ, танзими бозори арз, иқтисоди соягӣ, нигаронӣ аз иқдомоти БМТ, GIZ, БМТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ