19:59 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Ғурфаи саррофӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Қурби доллар дар ҶТ дар қиёс бо болоравии дигар арзҳо мӯътадил аст

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби арзи аврупоӣ аз аввали моҳи май 2,2% ва арзиши рубли русӣ 2,3% боло рафтааст.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Аз аввали моҳи май то имрӯз қурби евро дар қиёс ба пули миллӣ- сомонӣ дар Тоҷикистон 2,2% боло рафта, рубли русӣ 2,3% қимат шудааст. Ин дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ мӯътадил буда, ҳамагӣ 0,1% гарон шудааст, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Айни замон 1 евро дар Тоҷикистон 7,27 сомонӣ арзиш дошта, дар нисбати аввали моҳи май 2,2% боло рафтааст. Рубли русӣ бошад, марҳилаи барқароршавиро тай карда, 2,3% қимат шудааст ва 10 рубл бо нархи 1,31 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Доллари амрикоӣ, ки тайи ним соли ахир қурби устувор дошт ва боло мерафт, дар моҳи май ҳамагӣ 0,1% қимат шудааст ва  $1 бо нархи 6,54 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба эҳтимоли зиёд нигаҳдории қурби якхелаи доллар бо роҳи сунъӣ муайян кардани арзиши он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Арзиши рубли русӣ аз аввали сол беш аз 40%, евро 11,1% ва доллар 19,3% боло рафтаанд.  

Роҳбарияти ҷадиди БМТ, ки аввали моҳи май таъин шуданд, эълом доштанд, ки барои нигаҳдории қурби асъори миллӣ дар бозори кишвар талоши бештар ба харҷ хоҳанд дод.

 

Мавзуъ

Қурби евро дар Душанбе аз 7 сомонӣ гузашт
Бонки миллӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ $137 миллион сарф кардааст
Барчаспҳо:
доллар устувор аст, арзиши евро боло рафтааст, қурби асъори миллӣ, БМТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ