18:20 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Сохтмони нерӯгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Эрон хостори ширкат дар сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид дар Тоҷикистон аст

© Sputnik / Александр Кряжев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ширкатҳои эронӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиётӣ, иртибототӣ ва энержӣ, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид алоқаманд ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Таҷрибаи сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аз сӯйи Эрон зимни сохтмони нерӯгоҳҳои дигар дар Тоҷикистон эҳтимолан истифода мешавад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири нерӯи Эрон Ҳомид Чимтиён, ки ба манзури ширкат дар ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланди "Об барои ҳаёт" вориди Душанбе шудааст, мулоқот кард.

Дар ин дидор вазири эронӣ изҳор доштааст, ки сохтмон ва мудирияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба Эрон имкони умедворӣ медиҳад, ки ин таҷрибааш зимни сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид дар Тоҷикистон бо мушорикати ширкатҳои эронӣ истифода шавад.

"Эмомалӣ Раҳмон аз равобити миёни ду кишвар, бавижа дар бахши иқтисодӣ изҳори қаонатмандӣ кард. Вай зикр кард, ки дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъол ҳастанд ва соли гузашта ду кишвар ба маблағи $228 миллион табодули коло кардаанд", — омадааст дар хабар.

Эрон ва Тоҷикистон умдатан дар бахшҳои энержӣ, нақлиётӣ ва ҳамчунин иртибототӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Ҷонибҳо дар ин дидор ҳамчунин масоили ҳамгиройӣ бо Афғонистон дар бахши сохтмони роҳи оҳан, хутути интиқоли нерӯи барқ ва тарҳҳои таъмини сокинон бо оби ошомиданиро баррасӣ кардаанд.

Мавзуъ

Сафири Эрон: “Истиқлол” то поёни имсол бозсозӣ мешавад
Эрон дар Тоҷикистон мактаби байналмиллалии “Рӯдакӣ” бунёд мекунад
Эрон аз нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бештар аз муҳлат истифода мекунад
Барчаспҳо:
дидори Раҳмон бо вазири нерӯи Эрон, раёсати ҷумҳурӣ, Ҳомид Чимтиён, Эмомалӣ Раҳмон, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ