19:10 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1810

Қарор аст дар моҳи октябри имсол дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон барпо шавад.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон изҳори умед кардааст, ки тайи се соли оянда ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба $500 миллион хоҳад расид, менависад сомонаи президент.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Навоз Шариф, ки баъди зуҳри 9-уми июн сурат гирифт, зикр шудааст, тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

"Ҳар ду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматӣ ва густариши равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар, рушди фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ, истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон зарур дониста шуд", — омадааст дар хабари сомона.

Зимни ин дидор қарор шудааст, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор шавад.

"Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Покистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Тоҷикистон аст ва мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ менамоем", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистон аз 40 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Сомонаи раисиҷумҳур менависад, ҷонибҳо инчунин барои ҳарчи зудтар ба имзо расондани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Ҳавасмандии Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф барои имзои ин созишнома дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Ҳиндустон аз шартгузории Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар бораи додугирифти Тоҷикистону Покистон иттилоъ доданд. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар доираи сафараш ба Ҳиндустон, рӯзҳои 27-29-уми апрели имсол паём додааст, ки Покистонро ба шарте ба Тоҷикистон роҳ медиҳад, ки монеи додугирифти Ҳинду Афғонистон нашавад.

Тибқи иттилои расонаҳои ҳиндӣ Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ба Покистон шарт гузоштаанд, барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде "дипломатияи хушк" аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.

Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Покистон ба Тоҷикистон таъмин кунад.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, саноат, иқтисод, 500 миллион доллар, гардиши мол, тиҷорат, гуфтугӯ, мулоқот, Навоз Шариф, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Исломобод, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ