14:34 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим дорад, ки бо анҷом додани тағйироти сохторӣ, ҳудуди 200 корманди худро ихтисор намояд.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи тағйироти сохторӣ ҳудуди 200 тан аз кормандони худро ихтисор менамояд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Ҳадаф аз ин тағйирот "ба танзим даровардани сохтор, шумораи воҳидҳои хизматчиёни Бонки миллӣ ва баланд бардоштани фаъолияти самаранокии он" унвон шудааст.

Дар ҷаласаи раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 25 июн баргузор шуд, сохтори нави Дастгоҳи марказии Бонкии Миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он баррасӣ ва тасдиқ шудааст, менависад сомона.

Ҳангоми таҳияи сохтори нав принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумлаи ин меъёрҳо "ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ будани сохтори бонк, оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, идорашаванда ва фаъолияти самаранок доштани сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрди манфиатҳо, роҳ надодан ба такроршавии вазифаҳо, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон аз рӯйи фаъолияти онҳо", номбар шудаанд.

Ба ин тартиб, дар натиҷаи гузаронидани дигаргуниҳои сохторӣ, шумораи воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд. Ҳамзамон қарор аст, бар иловаи ихтисори иддае аз кормандон, тамоми кормандони бонк бояд аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд, омадааст дар сомона.

Сохтори нав ва таҷдидгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар шӯъбаҳои минтақавӣ, ба кор шурӯъ мекунад. Интизор меравад, ба дунболи танзими сохтори Бонки Миллии Тоҷикистон, сохторҳои ёрирасони Бонки миллӣ низ мавриди таҷдиди сохтор қарор бигиранд. Хабари ихтисори ҳудуди 200 корманди Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан ин гуна хабар рӯ зада буд, аммо масъулони бонк ин хабарро тасдиқ накарда буданд.

Барчаспҳо:
санҷиш, 200 нафар, корманд, ихтисор, Бонки миллии Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ