01:17 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бозсозии ҷодда. Акс аз бойгонӣ

ҶТ бо кӯмаки молии БОР гузаргоҳи гумрукии “Саразм”-ро бозсозӣ мекунад

© Sputnik / Кирилл Брага
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Ихтисоси кӯмаки молии Бонки осиёии рушд, ки барои бозсозии ҷоддаи мошингард аз маркази ноҳияи Айнӣ то марз бо Ӯзбакистон имкон медиҳад, ки зиндагии аҳолии маҳаллӣ ба дунболи тавсеъаи таъсисоти зербаноии канори ҷодда беҳбуд ёбад, муътақиданд коршиносони БОР.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сохтмони бинои ҷадиди маъмурии гузаргоҳи гумрукии "Саразм" дар Панҷакент дар чаҳорчӯби тарҳи "Бозсозӣ ва таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбакистон" дар назар аст, хабар медиҳад сомонаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

"Сармоягузории бозсозии ҷоддаи мошингард то марзи Ӯзбакистон аз сӯйи Бонки осиёии рушд ба унвони кӯмаки молӣ дар чаҳорчӯби барномаи САРЭС сурат мегирад. Маблағи ин кӯмак, ки соли 2012 аз сӯйи БОР таъйид шуда буд, $100 миллион мебошад", — омадааст дар хабар.

Вазорати нақлиёт барои интихоби иҷрокунадаи сохтмони бинои гузаргоҳи гумрукии "Саразм" бо масоҳати умумии 720 метри мукааб озмун эълом кард. Ба ҷуз аз ин тарҳкашӣ ва сохтмони бинои маъмуриву маишӣ низ шомили ин умур мебошад.

Дар сомонаи барномаи САРЭС зикр шудааст, ки тарҳи "Бозсозӣ ва таҷдиди ҷоддаи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон" бозсозии ҳудуди 113 километри ин роҳ ва сохтмони 31 адад пулро дар назар дорад. Ҳамчунин таҷдиди зербаноии гузаргоҳи марзии "Саразм" низ пешбинӣ мешавад.

Дар БОР бар ин назаранд, ки иҷрои ин тарҳ тавассути беҳбуди шароити зербаноии ҷодда зиндагии сокинони маҳаллиро беҳбуд мебахшад. Маблағи умуми ин тарҳ $136 миллион аст, ки аз ин маблағ 100 миллионаш кӯмаки молии БОР, 14 миллион қарзи сандуқи рушди ОПЕК ва 22 миллион маболиғи ихтисосдодаи ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Гузаргоҳи гумрукии "Саразм" дар Панҷакент дар канори марз бо Ӯзбекистон қарор дорад, ки бо вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад.

Мавзуъ

Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад
БОР барои беҳбуди таъмини барқ дар Панҷакент $54 млн ихтисос медиҳад
Барчаспҳо:
то марзи Ӯзбакистон, таҷдиди роҳ, бозсозии гузаргоҳи гумрукии "Саразм" дар Панҷакент, гузаргоҳи гумрукии Саразм, САРЭС, БОР, Панҷакент, Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ