17:36 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Қатор дар терминали роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 14% коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Александр Кондратюк
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Буҷаи Тоҷикистон ҳудуди 330 миллион сомониро, ки аз ҳисоби воридоти бархе аз молҳо ворид мегардид, аз даст додааст, қайд карданд дар хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тайи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон 282,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 40,63 ҳазор тонна ва ё 14% камтар мебошад, иттилоъ медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Ба иттилоъи масъулини гумрук воридшавии маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби маблағ ба $187,8 миллион баробар аст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта $81,6 миллион камтар аст.

Хадамоти гумрук мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи пардохтҳои гумрукиро 81,5 дарсад иҷро карда ва ба буҷаи кишвар 146 миллион сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид намудааст.

"Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба буҷа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ пардохтпулиҳои гумрукӣ ворид шудаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 146 миллион сомонӣ камтар аст",-иттилоъ медиҳад хадамоти гумрук.

Воридоти чӯбу тахта низ нисбат ба соли гузашта 101 ҳазор метри мукааб ва мошину воситаҳои нақлиёт беш аз 15 ҳазор адад камтар шудааст.Аз ҳисоби кам шудани воридоти ин қабил маҳсулот ба кишвар ба буҷа тақрибан 330 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.

 

Мавзуъ

ВИҶТ: арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон 20 дарсад зиёд мешавад
Барчаспҳо:
буҷа пули кам даромад гирифтааст, сӯзишворӣ кам дохил шудааст, коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ, Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ